Ба даст овардани Истиқлолияти давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ осон набуд, давлатҳои абарқудрат кушиши халалдор намудани озодии мардуми осоиштаи Тоҷикистонро намуданд, аммо хушбахтона ба сари мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро равон сохт. Талафоти ҷонӣ ва молӣ ба тамоми қишрҳои ҳаёти ҷомеа бахусус ба иқтисодиёти кишвар зарари хело ҳам ҷиддии худро расонида буд, ки хушбахтона бо кордониву зиракии сарвари давлат  дар зарфи 30-соли истиқлолияти давлатдорӣ рӯ ба инкишоф ниҳода дар арсаи байналмиллалӣ ва ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир будани моро фароҳам овард.

   Истиқлолу истиқлолиятро бояд ба ҳар мазмуни покаш беолоиш нигаҳ дошт. Баҳри пешрафт ва бешбурди соҳаҳои дахлдори ҷомеаи имрӯз бояд ҳадафҳои миллиро ба даст гирифт ва баҳри амалии он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ бояд дод. Зеро пос доштани Истиқлолият ин дар иҷроиши амалҳои неку покамон мебошад.

“Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.”(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 26.01.2021)

Имрӯза истиқолияту озодӣ орзӯи ҳар бузургони ғурамаргу аз дасти бесаводони замонашон кушташудаи тоҷик мебошад, аз ҷумлаи давлати орзуҳои Рӯдакиву Сино, Саъдиву Хайём,  Ҷомиву Бедил ва ҳазорон ҳазорон нафар мардуми сарбаланди диёрамон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин ҷонбозиҳои гузаштагонамон, арзишҳои аз ниёгонамон мерос мондаро, бояд чун гавҳараки чашм эҳтирому эҳтиёт намуда, бо амлҳои хайру шоистаамон баҳри насли наврас ва ҷавони замон намунаи ибрат ва посдорандаи ин ганҷи бебаҳои таърих бошем.

 Истиқлолиятро мо бо тозаву тамиз, ободу сарсабз кардани манзилу маҳалли худ, бо шиносои пайдо кардан аз таърихи гузаштаи ин неъмати ба даст омоада бо ном “Истиқлол”, аз даврони хурдсолӣ омузонем. Мағзи сари онҳоро бо ифтихори ватандорӣву меҳанпарасти ва шинохти гузаштагони асили худ пурра намоем.

 Бинобар сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои ифротгароӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон ягона роҳест, ки моро баҳри расидан ба ҳадафҳои конститутсионӣ ҳидоят менамояд.

Бинобар ин мо ҷавононро мебояд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои милливу стартегии кишвар ва амнияту озодӣ дар бари Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, баҳри боз ҳам ба ҷаҳониён шинос намудани фарҳангу тамаддуни ва Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард.

 

Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд