Кафедраи таъминоти барқ ва автоматика соли 1994 ташкил карда шуда, дар он муҳандисонро аз рӯи ихтисосҳои 430103- «Таъмини барқ» (дар соҳаҳои алоҳида) ва 530103-«Ҳаракатоварҳои барқии автоматонидашуда» барои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва Ph докторантура тайёр менамоянд. Аз соли 2021 қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои 530107 - Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ ва 380102 – Аппаратҳои биотиббӣ оғоз гардидааст, ки ин доираи соҳаи истифодаи кадрҳои муҳандисӣ-техникии кафедраро васеъ менамояд.

Имрӯз кафедра соҳиби 8 лабораторияҳо аз фанҳои тахассусӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд ва ба талаботи имрӯза ҷавобҷӯ мебошанд. Дар кафедра библиотекаи китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ вуҷуд дошта, библиотекаи электронӣ ташкил карда шудааст.

Барои дар сатҳи байналхалқӣ тайёр намудани мутахассисон кафедра бо донишгоҳҳо ва донишкадаҳои бурунмарзӣ ва ҷумҳуриявӣ алоқаи зич дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-техникӣ,  гузаронидани конфронсҳои илмӣ дар мавзӯҳои рузмарра ва ҳамҷоя навиштани монографияҳои илмӣ дорад.

Дар давоми аз соли 1999 то имрӯз зиёда аз 3000 мутахассисон-муҳандисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои Таъмини барқ ва Ҳаракатоварҳои электрии автоматонидашуда дар кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураро бо муваффақият хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо  сарбаландона фаъолият намуда истодаанд. Барои мисол, сардори шабакаҳои барқии тақсимотии Истаравшан Пӯлотов Р.,  Сармуҳандиси нерӯгоҳи барқии Қайроққум Суҳроб Р., сарэнергетикӣ шабакаҳои барқии ш. Хуҷанд Воҳидов Ҷ.Ҷ., Сардори шӯъбаи назорати техникии корхонаи саноати электротехникӣ дар шаҳри Санктпетербурги Федератсияи Россия Амриддин Азизов ва ғайра мебошанд, ки боиси фахри коллективӣ кафедра мебошад. Дар диаграммаҳои 1 ва 2  миқдори хатмкунандагони кафедраи Таъминоти ва автоматика оварда шудаанд.

Нақшаи 1. Диаграммаи хатмкунандагони ихтисосҳои 430103 ва 530105 дар солҳои 1999 – 2016

Нақшаи 2. Диаграммаи хатмкунандагони ихтисосҳои 430103 ва

530105 дар солҳои 2017 – 2022

 

Чуноне, ки аз диграмма дида мешавад, коллективи устодони кафедра дар давоми солҳои 1999 то имрӯз муҳандисони соҳаи электроэнергетика ва электротехникаро аз рӯи тахассусҳои алоҳида барои зинаҳои гуногун сарбаландона тайёр намуда истодаанд, ки ин тӯҳфаи сазовор ба истиқболи 35 солагии иҷлосияи тақдирсоз мебошад.

 

                      Раҳимов Охунбобо, дотсент, номзади илмҳои техникӣ