Таъмини амният ва оромиву осудагӣ миёни мардумони кишвар дар мадди аввали таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар масоили ба ин муаммо вобаста аз рафти фаъолияти кормандони мақомотҳои дахлдор натиҷгирӣ карда шуд, ки имрӯз сифати кор ва натиҷаи ба даст омада, ҳукумати кишварро маҷбур сохтааст, то ба хотири рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои пешгирикунандаро биандешад. Гузашта аз ин дар вилояти Бадахшон, хосатан шаҳри Хоруғ ба роҳ мондани таъиноти кадрӣ аз ҷониби давлату ҳукумат аз манфиат холӣ нест. Зеро камбудии фаъолияти кормандони мақомотҳои марбута зидди ҷинояткорон ва қочоқчиёни маводи мухаддир, танҳо камбудии оддии ислоҳшаванда нест, балки он ҷинояткорони минтақаҳо эшонро низ ҷинояткор кардаааст. Ба хотире, ки то ҳамин дараҷа бо осони ғайриқонунӣ фаъолияти ҳамон ҷиноятпешагонро сарфи назар менамояд. Ё шояд гумон меравад, ки худи эшон низ дар ин даст доранд. Куҷост масъулияти корманди давлатӣ будан? Куҷост он савганде, ки баҳри ҳифзу ҳимояи ватан вирд забон овардааст? Куҷост он виҷдони мардигарии эшон, ки ҷомеаи тинҷу оромро носолим карданианд?

         Аз суханронии Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таи 9 моҳи охир 456 ҷиноятро ошкор ва аксари онро пешгирӣ сохтаанд, ки 35 % нишондаҳанди кишварро инъикос менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин нафарони нохалафро мардумони вилояти Бадахшон ташкил медиҳад. Зеро дар ин минтақа ҳамаи намуди ҷиноят аз қабили 26 ҷинояти махсусан вазнин яъне куштори одамон, 163 зӯровариву авбошии ноболиғон дар шаб, воридкунии маводҳои мухаддир, гирифтани силоҳи ғайриқонунӣ ба даст ва мисоли ин ҷиноятҳои вазнинро содир кардаанд.

Гуфта мешавад, ки аксари теъдоди ин ҷиноятҳо махсусан дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 456 – ҷиноят, 342 – ҷинояткорон ба ин шаҳр тааллуқ дорад.

Дар гузашта Давлат Мирзобеков нависта буд, ки бигзор таъиноти кадрии ба роҳмонда амалӣ нагардад. Зеро нафарони ба ин шаҳру вилоят таъиншуда то имрӯз бо мардуми инҷо забон як карда натавониста, низоъҳо ба вуҷуд омаданд. Қадрҳои маҳаллӣ бошанд, метавонанд, низомро ба тартиб ҷорӣ созанд. Хуб! Вале то ин даме, ки ин қадар ҷиноят содир шудааст, кадом намояндаи мақомот пешгирӣ намудааст. Кӣ ин бадтинатону ношукронро дастгирӣ мекунад. Аминам, ки ҳамон кадрҳои маҳаллӣ дар амалиёти ҷинояткорон худ даст доранд. Вагарна то имрӯз ба кишвар 3 тонна маводи мухаддир ба пои худ намеояд – ку! Сол то сол нишондиҳандаи баландро воридоти  маводи мухаддир нишон додааст. Бино ба гуфтаи мутахассисону коршиносон ҳар 10 – килограми он тани саломати 40 000 нафарро ба бемории вазнини ВНМО гирифтор мекардааст. Магар чунин як ҳадафи муғризонаи ин нохалафонро дастгирӣ мебояд?

Агар ман дар ҷои ҳамин кормандони бемасъулияти маҳаллӣ мебудам теша ба решаи ин ҷинояткорон зада, ин қавми тудагурезро бе ному нишон месохтам, зеро ҷомеаи солим асоси пешравии миллат аст. Мутмаинам, ки ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарвар дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар содиқу вафодор аст.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ