Дирӯз дар толори донишкада бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, тарзи муошират дар оиладорӣ, муносибати хуби байниҳамдигарӣ, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар бо донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда вохӯрӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби мудири шуъбаи тарбия Муҳаррама Темурова таъкид гардид, дар донишкада бо роҳбарии директори донишкада таъмини шароити ҳаматарафаи таълиму тарбия, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, омода кардани шароити зист ва бо стипендия таъмин намудани духтарон, беҳтар гардонидани шароити кор ва истироҳати занон ба назар гирифта шудааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо донишҷӯдухтарони донишкада ваъда доданд, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника, бунёдкорӣ ва созандагӣ равона месозанд.

Дар хотима аз ҷониби духтарон шеърҳо қироат гардида, барои фароғати онҳо рақсу бозӣ ташкил карда шуд