Шароити имрӯзаи тамоми ҷаҳонро назар кунем, ҳамаи давлатҳо ва халқиятҳо аз ихтилофи зиддиятҳо ва таззоду мушкилиҳо, аз густариш ёфтани ҳаракатҳои иртиҷоию гумроҳшавии одамон, аз бой додани ҳуввияту инсондӯстии шаҳрвандони худ бисёр нигарон шудаанд. Аз ҷумла, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ, ки як узви комилҳуқуқи ҷомеаи имрӯза аст, ҳамчун давлати куҳанбунёд ва инсондӯст дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ новобаста дар шароити бархурди тамаддунҳо ва хатарҳои руҳафзуни зиддиинсонӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин кишвари тамаддунофар, ки онро мамлакатҳои бузургтарини олам эътироф кардаанд, бо халқи меҳнатдӯсти худ аз хавфу хатарҳои беруна, ки ба сулҳу субот ва осмони софи он таҳдид мекунанд, ҳеҷ вақт дар канор қарор намегирад. Яке  аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки давлату миллат дар замони ҷаҳонишавӣ ин мубориза алайҳи терроризму экстремизм гаштааст,ки он бевосита мувофиқи қонунҳои амалкунанда ва тавассути мақомотҳои дахлдор амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии намояндаҳои гурӯҳҳои террористиро таҳлил намоем, ин нооромии кишвар, усули таъсиррасонии абарқудратҳо ва охирон ин тиҷорат, ки дар кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ сарватманд амалӣ карда мешавад, асту бас. Ҳар як шахси хирадманду қавиирода, мақсади ғаразноки ин гурӯҳҳоро дониста истода, бояд ба қадру қимати сулҳу осоиштагӣ расад ва нагузорад, ки ин шахсони ватангумкарда ба ҳадафҳои худ расанд. Ба ҳаракатҳои чандинсолаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ назар афканем, аз он фақат қатлу куштор, харобгардонӣ, таркиш, вайронкорӣ ва бадбахтӣ боқӣ мондаасту халос. Модаре бефарзанд, фарзандони ятиммонда, хонаҳои сӯхта ва бадбахтии тамоми миллат аз паи кори номатлуби ин гурӯҳҳои ифротгароӣ аст.  Муборизаҳои чандинсола алайҳи терроризм нишон медиҳад, ки ҳамкорию ҳамгироии доимӣ бо мардум омили пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ногуворӣ ин кор мебошад, бахусус ҳамкории ҷавонон бо Ҳукумат, истифодабарии нерӯи бунёдкоронаи онҳо дар самти муқобилият бо терроризм натиҷаҳои назаррас додаанд. Имрӯзҳо иқтидори муборизаи мамлакати мо, мақомотҳои давлатӣ  бо ин омилҳою қувваҳои беруна ва ҳаракатҳои ифротӣ расад ҳам, аммо бо мақсади таъмини пурраи амнияту субботи кишвар ва бехатару амонӣ нигоҳ доштани халқу миллат, ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ бо аҳолӣ заминавӣ ҳисобида мешаванд. Пирӯзӣ дар самти пешгирии омилҳои ифротгароёна ва оқибатҳои бади он аз маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиву фарҳангии аҳолии кишвар вобастагии хеле калон дорад. Ҳар як шахс дар ин самт саҳми худро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд гузорад ва нисбати ояндаи Ватани хеш бетараф набошад, нагузорад, ки ягон ватангумкарда ба сулҳу амнияти миллӣ, ба рушди ояндаи мамлакат халал нарасонад. 

Дилафрӯз Саидхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд