Ташаккули хатарҳои ҷиддӣ мисли терроризм ва экстремизм  ба маъмулии ин мафҳумҳо диққати хосаи ҷомеаро асос гузоштааст. Агар қаблан унсури ғасби ҳокимият тавассути силоҳ ва тиру туфанг буд, имрӯз баробари дигаргуншавии ҷаҳонӣ ин омил таъғири шакл намудааст. Расидан ба аҳдофи муғризона бо истифода аз мафкураи имрӯз осонтарин ва дастрастарин ҷодаи мубориза гардидааст.

Ҳолати имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки тавассути дигаргун намудани шуури ҷомеа дигаргун намудани он саҳласт. Имрӯз айёми душвору пуртазодеро мемонад, ки дар он масъалаи муҳим таъмини амнияти шахс ва давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Бинобар гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «вақтҳои охир  дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст». Яқинаст, ки моваро ин оромиҳо торафт васеъ ва фарохгардида, хатарро  ба амнияти ҷомеаи ҷаҳон торафт бештар намуда истодааст. Бе шубҳа идомаи ин раванд таҳдид ва хатарҳои мавҷударо дучанд месозад. Зеро терроризм ва экстремизм «вабо»-еро мемонанд, ки новобаста аз мубориза ва вокуниши шадиди башарият ҳамоно бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидро меафзояд. Табиист, ки дар ҷомеаи мутамаддини демократӣ ғояҳо гуногун буда, дар шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд доранд. Гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ зери ғояҳои тарҳрезишудаи гурӯҳҳои манофеъ фаъолият менамоянд. Ҷараёнҳои ифротӣ ва терроризм зуҳуроти тоза набуда, ҳазорсолаҳо муқаддам дар таърихи инсоният буд ва арзи вуҷуд дорад. Фарқият танҳо дар он аст, ки чуноне мубориза барои қудрат низ шакл дигар мекунад «вабо»-е бо номи терроризм низ бо шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ дорад. Шароити кунунӣ тақозо менамояд, то ҷомеаи ҷахонӣ ин зуҳуротро пурра омӯзад ва чуноне бо дигаргунсозии шуури инсонӣ сафи муқаррибони ин зуҳуроти номатлуб рӯ ба афзоиш дорад, ҳамон тавр бо воситаи таъсир ба мафкураи инсоният бо истифода аз фаҳмонидани  хадафи он ҷомеаи башариро аз ин хатар наҷот диҳад.

Ҳифзи сулҳу суббот ва осоиш дар меҳвари асосии мубориза алайҳи терроризм  ва экстремизм  қарор дорад. Ҳолати воқеӣ нишон медиҳад, ки барои таъини сулҳ ва дастоварди он муборизаи сатҳӣ ва руякӣ ба кор намеояд. Вазъи  ҳассоси ҷаҳони муосир низ айнан мисли ин раванд барои таъмин ва ҳифзи сулҳу осоиш маҳз ҳаминқадар заҳмату мубориза ва ҷоннисориро тақозо менамояд.

Вазъи имрӯза хатари ҷиддӣ аз омезиши дину мазҳабҳо ва аланга задан миёни онҳо дониста мешавад, ки ба василаи муҳими мубориза мубаддал гаштааст. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм мебошад, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудааст ва новобаста аз муборизаи шадид ҳамоно доман паҳн менамояд.

Мафҳуми «радикал» ба ислом рабте надошта, дар таъриху тамаддуни ин дини ноб ва ҳатто адёни дигар мавҷуд нест. Мусалламаст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Айни замон созмон ва ҷараёнҳои иртиҷоию ифротӣ дар чаҳорчӯбаи аҳдофи ташкилоти террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат таъсис ёфтаанд ва маҳз ҳадафҳои нопоки худро дар ниқоби дини ислом рӯи кор мегиранд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки инсоният ба хотири таъмини суботи сар то сарӣ ва раҳоӣ ёфтан аз зуҳуроти терроризм донишҳои сиёсии худро такмил диҳад. Зеро омезиш ва ихтилофи дину мазҳаб паёмади нек надорад ва раванди мазкур дар сурати идома ёфтан метавонад пешомадҳои хатарзоро ба бор орад. Аз ин лиҳоз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавононро мебояд бо донишҳои созандаи муосир мусаллаҳ гардида, дар хифзи субботу осоиштагии комили кишварамон сипари боэътимод бошанд ва ба ҳар ситезаи душманони миллату давлатамон посухҳои оҷилии қотеъ ва раднопазир бигардонанд.

Зокиров Р-устоди калони кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ