Дар солҳои охир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар манотиқи кишварҳои гуногун хеле афзудааст, ки ин на танҳо хатар ба малакатҳои хориҷӣ, инчунин ба давлати мо низ ба шумор меравад. Афзоиши ҷиноятҳо, ки онҳо характери террористию экстремистӣ доранд зиёд шуда истодааст, ки тамоми ҳукуматдорони кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Асоси фаъолияти ин созмонҳо бо воситаи ҷалб кардани ҷавонон бо роҳи макру фиреб оиди ваъдаи маблағҳои калон мебошад, ки он ба афзоиши терроризми байналмиллалӣ ва низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат намуда истодааст.

Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон ба хусус ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки онҳо зиракии сиёсии худро гум нанамоянд, ки ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Инчунин Ҳукумати мамлакат барои нигоҳ доштани амнияти миллӣ, рушди босуботи худ муборизаро дар ин самт пурзӯр намудааст.

Бояд қайд кард, ки терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ яке аз таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар гузошта истодааст.

Таъсири манфии ин зуҳуротро бештар пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ пай бурда мешавад. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлат, аз ҷумла мамлакати мо истифода карда ба кишвар нерӯҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба корҳои таблиғотиву ташфиқотии худ шуруъ карданд.

Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ, пеш аз ҳама иттиҳоди ҷиноятиии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Тоҷикистон, “Ҳизб- ут -Таҳрир”,равияи “Салафия”, “Ҳизби Наҳзати Исломӣ” ва ғайраҳо қарор доранд, ки ба ҳар гуна роҳҳо ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кушиш карда истодаанд.

Мақсади асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ин ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун кардани сохти конститутсионии мамлакат, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ аст.

Барои ҳамин, ҳамаи ҳолатҳои овардашуда боз моро водор месозад, ки дар ин давраи басо вазнин барои мамлакатамон зиракии сиёсии худро аз даст надода, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои беруна пешгирӣ ва ҳифз намоем.

Набиева Ҳ.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд