Дар ҷаҳони муосир ҳисси ҷоҳталабона ва манфиатхоҳонаи гурӯҳҳои алоҳида, ки бо назардошти манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат барои пиёда карда ҳадафҳои носозгор равона гардидаанд, боиси харобиҳо ва аланга гирифтани ҷангҳои дохилӣ гардида истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикситон, ки дар оғози даҳсолаи охири асри гузашта ба майдони ҷангу оташ табдил ёфта буд, кам нест инсонҳое, ки зери парчами ислом ҷавонони ноогоҳу фирефташударо ба доми худ андохта, бо маслиҳати хоҷагонашон мехоҳанд бори дигар ҳамон саҳнаи хунини охири асри ХХ-ро аз нав такрор кунанд. Терроризм дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои санҷидашудае мебошад, ки ба дар мубориза ба он манфиатхоҳон сиёсати духӯраро пеш гирифтаанд, ки ин албатта як мушкилотеро барои рушди кишварҳо дар замони муосир эҷод мекунад. Бо ишорат ба ин матлаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон дар Паёмашон таъкид намуданд, ки: «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.Воқеият чунин аст, ки ҷӯрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.»

Ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст, дар оғози мустақилияти Тоҷикистон то марҳалаи кунунӣ ҳамеша нақшаву барномаҳои он зидди якпорчагиву ваҳдат буда, дар он ҳисси миллӣ, бедорӣ ва ягонагиву истиқрор паси пардаи манфиатҷӯёни хориҷӣ, ки ба воситаи ҳамин ташкилот мехоҳанд, кишвари моро ба нобудӣ баранд, қарор гирифтааст. Кабирӣ, ки дар чанд соли охир ба сифати роҳбари ҳизби мазкур интихоб шуда буд, тарбиятдидаи марказҳои террористии кишварҳои хориҷӣ буда, бо роҳи фиреб чандин маротиба кӯшиши табаддулоти давлатиро дар кишвар ба анҷом расонидааст, ки ба ин ҳадафаш хушбахтона нарасид. Имрӯз террорист дар симои чунин инсонҳои бо шакл одамӣ вале дар асл ҷоҳил ва шайтон, ки дар байни мардум бо шиорҳои ислом эътибор пайдо карданд, дида мешавад. Ҳодисаҳои Тоҷикистон дар давоми 25-соли соҳибистиқлолӣ бозгӯ намуд, ки воқеан ҳам Кабирӣ ҳамчун идомадиҳандаи роҳбарони ришдору террористаш дар байни мардум шинохта шудааст. Тоҷикиситон, ки бо фарзандони баору маърифатгустараш дар инкишофи тамаддуни башарӣ нақши устувор бозидааст, намегузорад, ки террорист барои вайрон кардани кохи муҳташами фарҳангу маърифат дар қадамрави осиё ва хатто берун аз он барномаҳоро амалӣ намояд. Мо як бор ба мушоҳида гирифтем, ки оқибати чунин ноадоталиҳо чӣ аст. Аз ин ҷиҳат, ба ҷавонони ҷасуру далер муроҷиат карда гуфтаниам, ки бо ахлоқи намунавӣ ва дониши мукаммали замонавӣ бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза бурда, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву пули бедардумиёни ташкилотҳои терористӣ нашванд ва бо онҳо бо амали нек посух дода, зирракии сиёсиро аз даст надиҳанд. 

 

Турсун Холматов, муовини директори оид ба илм ва инноватсияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд