Дар ҳамаи давру замон гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию  амалӣ зоҳир мекарданд ва ҳамеша нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро таъриху фарҳанги башарият собит намудааст. Хусусан дар ҷараёни пайдоиш ва таҳаввули паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, исломия) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси сар задани низоъ ва муноқишаҳо гардиданд. Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд,аз фаъолияти мӯътадилу муназзами  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии  мустақим дорад. Зуҳуроти  ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ,  бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ  ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зӯроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд. Албатта дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф намудан лозим меомад. Аз ин лиҳоз муассисони чанде аз  ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво  ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики  дигар, аз ҷумла давлатҳои дигар муроҷиат намуданд. Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба  фурӯхтани  яроқу аслиҳа ба гурӯҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурӯҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд  мекарданд. Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намоянд. Сипас дар мамлакат чӣ гуна вазъият ба омал омад, рафти ҳодисаву воқеаҳои ҷанги бародаркуши дохилӣ чӣ тавр сурат пазируфт, ҳамчунин халқи табиатан хирадпеша ва сулҳпарвари тоҷик чӣ гуна пеши оташи хонумонсӯзи ҷангро гирифт, барои мардуми тоҷик маълум аст. Дар ин масъала мақоми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кардан меарзад. Аммо гурӯҳҳои манфиатхоҳи экстремистӣ- террористӣ ба мақсадҳои  ниҳоии худ нарасида, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  фирор карданд. Бо кӯмаку дастгирии намояндагони ташкилотҳои террористии байналхалқӣ  дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта силсилаи амалҳои террористиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардониданд.Бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ гурӯҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм “ қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм- яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан, ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои террористӣ ё экстремистӣ эътирофшуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти  илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ  ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда  ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст.   Қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак барои  тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ  эҷод намудааст. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид намудани ин раванди пурхатар чунин изҳор намуд. “Воқеан дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, маҳзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накӯкорист. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд, бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо илму фарҳанг ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафти солим саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезу тунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим, дини мубини Исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.”

Мутобиқи моддаи 8 ва 28-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Яке аз ҳизбҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 –уми декабри соли 1991 ташкил шуда, фаъолият менамуд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Маҳз пешбурди чунин фаъолият нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар назди аъзои он низ коста гардонд.

Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-сентябри соли 2015 аризаи Прокурори Генералӣ қонеъ карда шуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ташкилотӣ террористӣ – экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд. Нашри рӯзномаи “Наҷот” қатъ  ва вебсайтҳои интернетии он баста шуд, ҳамчунин воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

 Чунин ба назар мерасид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили ифротгароиву терроризм муносибати якрангу якнаво дорад, вале пас аз гузашти вақт воқеият нишон дод, ки манфиатҳои геополитикии қудратҳо муҳимтаранд ва ихтилофҳои лафзиву назарӣ дар шинохти ифротгароиву терроризм ба бор овардаанд. Равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ моро пайваста ҳушдор медиҳад, ки имрӯзҳо нерӯҳои таҳрибкори ба амнияти давлатҳо таъсиррасон  хеле зиёд гардида ва пайваста дар ин ё он шакл таъсири ғаразноку  манфиатхоҳонаи  худро ба вазъи сиёсию иҷтимоии кишварҳо расонанд. Мусаллам аст, ки мо тоҷикон аз ин сабақи талхи таърих огоҳии комил  дошта бошем ва набояд гузорем, то ин гурӯҳҳои ҷудоиандоз бо мақсаду ниятҳои нопоки хеш ҷавононро ба доми худ кашанд ва фазои орому осудаи мамлакатро ноором созанд.Чунин нооромиҳои сайёра барои миллати мо, ки рӯзҳои мудҳиш ва сангинро дар давраи ҷанги ҳамватанӣ паси сар кардаасту сулҳу суботро бо баҳои ҷон ба даст овардааст, ҷиддан нигаронкунанда аст. Зеро гурӯҳҳои моҷароҷӯ ва ифротгаро бештар дар байни ҷавонон таблиғоту ташвиқот бурда, онҳоро ба минтақаҳои даргир ҷалб менамояд.

Имрӯз мо бояд теғ бар решаи терроризм бизанем, гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм  вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, бе дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон ин номумкин аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва махсусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаи мазкур бештар диққат диҳанд.Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзӯънок бедор намояд. Ташкил намудани вохӯрию конфронсҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои дар боло зикргардида  дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон  ҷоннок ба роҳ монда шавад, зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд