Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткороӣ ва пешгирии ҳама гуна хуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонад пояҳои давлатро заиф гардонад, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомати ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад. Зуҳури ифротгарӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Гурӯҳҳои манфиатхоҳи экстремистӣ-террористии он айём дар Тоҷикистон ба мақсадҳои ниҳоии худ нарасида, ба Ҷумҳурии Афғонистон фирор карданд. Бо кумаки дастгирии намояндагони ташкилотҳои террористии байналхалқӣ онҳо дар нимаи 90-уми асри гузашта силсилаи амалҳои террористиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардониданд. Бо ин мақсад ба Ҷумҳурӣ гурӯҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд.

Ин вабои аср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст. Қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд ба бешак барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст.

    Равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ моро пайваста ҳушдор медиҳанд, ки имрӯзҳо неруҳои тахрибкорӣ ба амнияти давлатҳо таъсиррасон хеле зиёд гардида ва пайваста дар ин ё он шакл таъсири ғаразноку манфиатхоҳонаи худро ба вазъи сиёсию иҷтимоии кишварҳо расонанд. Мусаллам аст, ки мо, тоҷикон, аз ин сабақи талхи таърих огоҳии комил дошта бошем ва набояд гузорем, то ин гурӯҳҳои ҷудоиандоз бо мақсаду ниятҳои нопоки хеш ҷавононро ба доми худ кашанд ва фазои орому осудаи мамлакатро ноором созанд.

Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати маъалаи мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намояд. Ташкил намудани вохӯрию конфронсҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои дар боло зикргардида дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок карда шавад, зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқии ҷомеа аст.

 

Исмоилова С.К.

устоди ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ