Яке аз ин гуна хатарҳо аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ карда мешавад ва ҳадафу мақсади ин ҳизби худкомаи ифротгаро бори дигар ҷудоӣ андохтан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва пиёда кардани ниятҳои пасипардагист. Ин аст, ки мубориза бо ин гурӯҳҳои терроистиву экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандор, новобаста аз касбу кор, синну сол ва мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи рӯшаниву торикӣ саҳми худро гузорад.

Воқеан ТТЭ ҲНИТ ва гурӯҳҳои характери террористиву экстремистидошта ба ҷомеа таҳдидҳои ҷиддӣ доранд ва аз ҷониби коршиносони марказҳои бонуфуз хатарҳои ин гуна гурӯҳҳо зикр шудаанд, ки чандеи онро ин ҷо меорем.

ТТЭ ҲНИ мухолифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зидди мавҷудияти давлати мустақили Тоҷикистон аст.

Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ки ТТЭ ҲНИ аз шумори онҳост, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад.

Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “Хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бечунучаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд.

Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд.

Ифротгароии муосири динӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ба сохти давлатдории мо ва бо тарзи зиндагии озодонаи мо моҳиятан мухолиф буда, онҳоро аз байн бурда, бо ҷои он ба мо ғуломию беҳуқуқиро таҳмил мекунад.

Аз назари гурӯҳҳои ифротгарои диннӣ бояд низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи онҳо “давлати исломӣ” ҷорӣ карда шавад.

Масалан рафтору кирдори аъзои ТТЭ ҲНИ то соли 2016 далел аз ин гуфтаҳоро дошт. Исломи ин тоифа ҳамон шакли маҳдуд, хашину бераҳмона ва торики фаҳмиши исломро, ки гурӯҳҳое чун ДОИШ дар амалҳояш, таҷассум мекард.

ТТЭ ҲНИ бо асолати таърихӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн мебарад. Яке аз хусусияти ифротгароии динӣ, аз ҷумла хусусияти гурӯҳҳои террористӣ дар он аст, ки ба миллигароии ифротӣ дар заминаи дин сахт пайваст мебошад. Арзишҳои миллиро чашми дидан надорад, гоҳе зери шиорҳои миллӣ, гоҳе зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳе дигар зери шиорҳои сиёсию геопалитикӣ ҳадафҳои нопоки худро пиёда карданӣ мешавад.

Гурӯҳҳои ифротии динӣ маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷиконро маҳкум карда, онро аз байн мебаранд.

Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат назари манфӣ дошта, ҳарчанд дунёсозӣ мекунанд, аммо дар амал онро эътироф намекунанд.

Ифротгароёни диннӣ ҳамаи мазҳабҳои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмон ҳисоб намекунанд. Ин мавқеи онҳо боиси сар задани бӯҳрони ҷиддии ақидагӣ дар ҷомеа мешавад, ки оқибатҳои вазнин дорад.

Агар чунин намебуд ТТЭ ҲНИ ташкил намегашт ва хилофи дину оини аҷдодӣ амал наменамуд. Пӯшида нест, ки аъзои ТТЭ ҲНИ то чанд соле пеш фақат худашонро пайравони воқеии ислом медонистанд, тамоми ибодатҳои дигаронро зери суол мебурданд. Ба онҳое, ки ҳамроҳашон набуданд ва ё дар масҷид ибодат намекарданд, ҳатто мусулмон ҳисоб наменамуданд.

ТТЭ ҲНИ нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари ҷангҷӯёна ва такфирӣ дошта, ҳамзистии осоиштаи байнимазҳабиро дар кишварамон аз байн мебарад. Ба ин восита он ба Ваҳдати миллӣ, суботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоварад.

Фаъолияти чандсолаи ин гурӯҳ дар Тоҷикистон маҳз ҳаминро нишон дод ва бозгӯи ба он кард, ки барои пайравон ва аъзои ин гурӯҳи террористиву экстремистӣ муқаддасоти мазҳабӣ ҷой надорад. Онҳо бештар ҷудоиандоз байни мазҳабҳо буда, вобаста ба манфиат ҳар чор мазҳабро ба ҳам омезиш медиҳанд, ё ҳамаро инкор мекунанд.

Ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир, ба мисли ТТЭ ҲНИ дар асл силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати бори дигар ба Тоҷикистон роҳ ёфтани ТТЭ ҲНИ кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил ёфтанаш мумкин аст. Дар натиҷа на танҳо суботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти худи Тоҷикистон бо хатари воқеи дучор мегардад.

Тамоми далелҳои таърихӣ, илмӣ ва мантиқӣ исбот мекунад, ки ТТЭ ҲНИ аз батни худи ҷомеа ташаккул наёфта, бо дастгирӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи доираҳои махсуси сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташкил карда шудааст. Ин доираҳо хусусан, кишварҳои абадқудрат, хусусияти ҷомеаи моро даҳсолаҳо балки садсолаҳо омӯхта, фарқу ихтилоф, фарҳангу руҳия ва сатҳи ҷаҳонбинии мардум ва умуман, нуқтаҳои заифи ҷомеамонро ба хуби медонанд. Мақсади асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмини манфиатҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии худашон мебошанд, аммо дар ин кор гурӯҳҳои ифротгароии исломӣ ба мисли ТТЭ ҲНИ метавонад яке аз муносибтарин силоҳҳои онҳо бошанд.

Хуллас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ гузоштааст.

Аммо савол ин аст, ки муносибати шаҳрвандон, яъне муносибати ҳар яки мо бо ин равия ва ҳизбу гурӯҳҳо, дар мисоли ТТЭ ҲНИ бояд чӣ гуна бошад?

Албатта ҳар як шаҳрванди ватандӯст дар муқобили ҳар гуна хатаре, ки ба давлат ва Ватани мо таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили ин хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи ТТЭ ҲНИ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст.

ТТЭ ҲНИ натанҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунад.

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон нишон дод, ки аъзои он ифротгаро буда, қишри босаводи ҷомеа, аз ҷумла аҳли ҳунару фарҳангу илму зиёро ҳамчун (кофир) эълон менамоянд, намояндагони дину мазҳабҳои гуногунро чашми дидан надоранд. Пас омадани онҳо барои ҳар қишри ҷомеа, барои ҳар шаҳру деҳа, барои ҳар оила, барои ҳар шахс фоҷеа, таҳдид ва хатари мустақим аст.

Ин аст, ки мубориза бо ин ақидаҳои ботилӣ ТТЭ ҲНИ, ки таввасути шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои гуногун паҳн мнгардад, на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як қишри ҷомеа, вазифаи ҳар шаҳру деҳа, вазифаи ҳар оила ва вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Охунҷонов Абдуҳабиб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд