Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ боварӣ доранд. Маҳз заҳмату талошҳои бевоситаи ин шахсият буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод. Мардонагӣ ва ҷонфидоии вайро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Маҳз ин шахсият буд, ки бо хиради азалии хеш дар он замони сахту душвор аз гуноҳи мухолифини силоҳбадаст, ки ҳазорон одамони бегуноҳро ба қатл расондаанд, гузашта, бо онҳо сулҳ баст.

Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Аммо бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои афроди алоҳида он қадар писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд.

Дар баёнияи он афродони нобакор омадааст, ки: «давлату ҳукумати Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд». Ин ҳама суханон танҳо ба иғвою дасиса овардани мардум буда, мақсади ин нохалафон, танҳо як чизро мемонад, ки миллатгароӣ карда истодаанд. Ин намояндагони «фаъол»-и «Паймони милли Тоҷикистон», ки дар асл созмони ҷадиди ТЭТ ҲНИ мебошад, ҳини фаъолияти ҳизбиаш низ чунин рафтор намуд, ки яке аз иштибоҳоти онҳо дар ҳамин мардумфиребиву миллатгорои маҳсуб меёфт. Онҳо фикр доранд, ки яке аз минтақаи заифи Тоҷикистон ин вилояти Бадахшон аст, шояд то имрӯз барои манфиатхоҳон ба ҳамин унвон мақомотдорони қудратӣ хидматгузорӣ намуда бошад. Вале имрӯз вазъияти кунунии ин минтақа куллан дигар гашт. Дар ҳақиқат бас аст, то имрӯз давлату ҳукумат ба мисоли мақоле, ки арғамчинро дароз баста буд, ҳоло бошад навбати он расидааст, ки онро кӯтоҳу мустаҳкам намояд.

Барои ҳамаи мо маълум гардида истодаст, ки нафарони манфиатҷӯи «Паймони милли Тоҷикистон» аз сомонаҳои манфиатхоҳ ба монанди «Ахбор.ком», «Ислоҳ.ком», «Паём.нет», «Кимиёи саодат» бо нашри мақолаҳои муғризонаву ҳангомаҷӯёна васеъ истифода намуда истодаанд ва мехоҳанд ба ин тариқа вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро бо фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд.

Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афродро, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонанд, ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро хиёнат ба Ватан ва бозӣ кардан бо тақдири 9 миллион  нафар аҳолӣ кори нобахшиданист.

Аз ин лиҳоз, имрӯз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан ҷавонони шарафманди кишварамонро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шавем ва ҳаргиз нагузорем аз номи миллати мо чанд тан бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ ба монанди Алим Шерзамонови «хушсухан» ва фиребгар сухан гӯянду дар ақидаи мардумони мо, хосатан мардумони минтақаи Бадахшон ақидаҳои ифротиро ҷой диҳанд.

Хулоса аз ҳамаи шаҳрвандони баору номуси миллати азизамон Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки кӯшед, то ҳама вақт ҳампару боли давлату ҳукумат шуда, дар решакан намудани дарахти мухолифони Ватан саҳм дошта бошед. Нагузоред, ки ин хиёнаткорон бо ақидаҳои ифротии худ ҷомеаи моро носолим сохта, мардумони моро ба манфиати хеш истифода намоянд.

Маҳмудова Фароғат,

номзади илмҳои техникӣ,

устоди кафедраи нақлиёт ва идоракунии нақлиёт