Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои «диндорон» ноҳамвор сохта, нотинҷиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Ҳамин тариқ моро зарур аст, ки бар хилофи чунин падидаҳои номатлуби ҷаҳолатиу разолати ифротиён дар инзамони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатӯзӣ, фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз таъсири бади он ранҷ мебарад.

Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистони нав ба Истиқлолиятрасида даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд.

Даъвоҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи роҳбарияти ин наҳзатиҳои бевиҷдону беимон  дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.

Имрӯз низ ба фармони хоҷагони хориҷии наҳзатиҳо ин нобакорон ҳар гуна амалиётҳои нопоки хешро бидуни ин, ки миллат бесарусомон мегардад, амалӣ месозанд. Дар умум ин наҳзатиҳо имрӯз бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани ин ҳизб ва муллоҳои саршиноси ҷумҳурӣ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Мо ҳама медонем, ки ҷонибдорони лоиҳаи ба ном ТЭТ ҲНИ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, хурофапарварӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарешӣ, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин созмони терористии сиёсӣ ҳанӯз аз соли 1992 ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид.

Ҳоло бошад, ин нохалафон аз ҳар гӯшаву канори олам истода, алайҳи миллати мо садо баланд менамоянд, тазоҳурот ташкил мекунанд, нақшаҳои ғаразона тартиб медиҳад ва билохира амалиётҳои зиддидавлатӣ ва ақидаҳои мазҳабию – ҳурофотии хешро тарщиб менамоянд.

ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ менамояд, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мутмаин ҳастам, дур нест он рӯз, ки Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Музаффар Бобоев, асистенти кафедраи А ва ИН –и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд