Аз куштори 4 сайёҳи хориҷӣ, ки дар минтақаи Данғараи вилояти Хатлон бо дасти терористони давлати исломӣ ва ТЭТ ҲНИТ рух дода, як ҳафта сипарӣ шуд. Новобаста аз ин мӯҳлати начандон дур атрофии ин ҳодисаи нанговар дар нашрияву сомонаҳои хориҷӣ версияҳои гуногун дар бораи фармоишгари асосии ҳодисаи мазкур ба табъ расиданд. Аввалин шуда мақомоти қудратии кишвар эълон дошт, ки пушти ин қазия ТЭТ ҲНИ меистад ва ин беасос ҳам набуд. Зеро ҳини дастгир шудани яке аз саркардаҳои ин гурӯҳ Х Абдусамадов иқрор шудааст, ки ӯ бо тавсияи қорӣ Носир, як узви ҲНИ ба ин кор даст заданд. Аммо баъдан ҷониби ДИИШ дар сомонаҳо эълон доштанд, ки масъулияти ин акти террористиро гурӯҳи ҷангиёни ДИИШ ба гардан мегиранд. Ва ҳатто навори видеоиро низ пахш намуданд, ки дар он ҷавонон ба номи Ал- Бағдодӣ, роҳбарияти ДИИШ қасам ёд мекунанд.

Пас аз нашри ин изҳорот мақомоти кудратии кишвар аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ махсусан расонаҳои нашри руси мавриди интиқод қарор гирифтанд. Ҷониби наҳзатиён низ бо исрор даст надоштани худро эълон доштанд. Аммо моҳияти масъла дар ин чанд рӯз равшану возеҳ гардид. Маълум шуд, ки ҲНИ ва ДИИШ дар ҳамбастагӣ ин корро анҷом додаанд.

Зиндагиномаи Абдусамадов Х он аст, ки ӯ парвардаи мактаби террористии Қуми шаҳри Эрон буда, баъдан тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон омада, дар чандин амалиётҳо ширкат варзид. Тавассути Озарбайҷон ба Эрон рафта онҷо машқу тамрин кард. Муаллифи мақолаи «Коршиносони ғайрҳирфавии Рус ҳақиқатро нодида мегиранд» Баҳтиёр Раҳимов дуруст қайд кардааст, ки Х. Абдусамадов узви ҳақиқии ҷангиёни ДИИШ мебуд, пас баъди амалиётҳои ҷангӣ ӯ ба Эрон не, балки ба Туркия мерафт. Яъне, ин нафари гумроҳро маҳз хоҷагони Эронӣ бар зидди Тоҷикистон омода намуданд.

Фармоишгари ҳодисаи террористӣ дар Тоҷикистон маҳз Қорӣ Носир, ки дар гузашта узви фаъоли ТЭТ ҲНИ буд, мебошад. Падари ӯ низ сарсупурдаи ин ҳизб буд. Маҳз Қорӣ Носир бо супориши хоҷагони Эронии худ ҷавонони гумроҳро, ки аксаран дар Русия буданд, ба доми худ кашида, ин амали ноҷавонмардонаро ташкил намуданд. Онҳо бо маблағи хеле кучак оилаҳои солими кишварро ба доми бало кашиданд Ҳатто волидайни яке аз ин кушташудагони ҳодисаи террористӣ иқрор шудааст, ки фарзандаш моҳи феврал барои пулкоркунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ҳамагӣ ду бор пули ночиз ба унвониашон фиристодаанд. Маҳз гумроҳии фарзандаш буд, ки ӯ ҳатто боре ҳам занг зада аз омаданаш пайғом нафиристодааст. Пас маълум, ки душманони миллат ин ҳамаро тарҳрезӣ намуда, ба хотири паст намудани эътибори миллат, шаъну шарафи ҳар як сокини кишвар ба чунин пастфитратиро раво диданд. Мардум бори дигар дарк намуд, ки пушти ин ҳама ноамниҳо кӣ меистад? Наҳзатиён ва Эрониён. Шахсияти рӯзномнигорони варзидаи Рус Аркадий Дубнов ва Виктор Панфилов ба ҳамаи мо маълум. Маҳз ҳамин хабарнигорони рус мақомоти интизомии кишварро ба ноӯҳдабароӣ ва гуноҳро ба гардани ТЭТ ҲНИ бор кардан матолиб навишта, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки Ҳукумат нисбати рақиби «сарсахташ» тӯҳмат мекунад. Парда аз рӯи ҳақиқат бардошта шуд. Ин журналистони фурӯхташуда ҳамеша аз манфиати ҲНИ ҳимоят мекунанд, зеро манфиати беше аз ин мебинанд. Аслан муаллиф дуруст қайд кардааст, ки ҳадафи ҷангиёни бо ном ДИИШ ва наҳзатиёни исломӣ як аст. Нооромии ҷомеа. Пас ин бор низ ҲНИ ба шикаст дучор шуд…  

Абдуқаҳҳор Бӯриев,

устоди кафедраи физика ва математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои физика ва математика,

собиқадори меҳнат