Ватани ҷоноҷони мо Тоҷикистон рӯз аз рӯз мисли гулҳои тару тозаи ҷаннат дар шукуфтану нашъунамо ёфтан аст. Миллати куҳанбунёди мо, мардуми сарбаланду машҳурбаҷаҳон гардидаи мо баъди ҳазорсолаи таърих аз нав эҳё шуда, истиқлоли комили худро ба даст овард. Насли имрӯза воқеан насли хушбахтаринест, ки ба ин неъмати бебаҳо расид. Аҷдоди ниёгони  мо дар гузаштаҳои дуру наздик  дар орзуи ин бахти баланд ба мақсад нарасида, дунёро бо нокомиву ҳасрату надомат, бо дидаи ашкбору дили пурнолаву оҳ падруд гуфтанд. Маҳз бо тадбири хирадмандонаи  фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Қаҳрамони Халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолият насиби мардуми хушбахти имрӯзини тоҷик гардид. Ҳар рӯзи имрӯзаи миллати тоҷик бо навид ва муждаи тоза оғоз шуда, бо дастовардҳои бузурги назаррас ҷамъбаст гардида, миллати қариб нобудгардидаи моро бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодааст. Муваффақиятҳои бадастовардаи мо бо роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон пойдору бобақову ҷовидонист!

Ба кор даромадани агрегати якуми НБО  “Роғун”, ки бо дасти муқаддас ва бобаракати Эмомалӣ Раҳмон ба кор оварда шуд, воқеаи оламшунида ва рӯҳафзои умумиҷаҳонист, ки ба нафъи халқи ҷаҳон раҳпаймоӣ дорад. Хато намекунем, агар гӯем, ки иқтидори ин НБО-и бузург ба нур бахшидани Шарқи наздик дар оянда кифоягӣ карда, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардумони ҳамсоядавлати мо ҳиссагузорӣ хоҳад намуд.

Дар тамоми соҳаҳо: соҳаи иқтисод, маориф, тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, сиёсат, варзиш ва дигарҳо, маҳз ба шарофати Истиқлолият муваффақиятҳои назаррас насиби миллати мо гардид. Ҷаҳониён бо ангушти ҳайрат, бо ҳавас ва ҳавсалаи бузург, бо чашми ҳасад ва орзумандӣ сӯи Тоҷикистони мо менигаранд. Аммо ин ҳаёти осоиштаи имрӯзаи мо бе талафоти азим ва бадбахтии сахт, ки таърих миллати моро аз имтиҳони бузург гузаронид, ба даст наомадааст.

Ман ба миллати машҳури тоҷик, ҷавонони хирадманд, нерӯманду закитабъи тоҷик бо забони софу гуворои ҷолиби тоҷикӣ ва пур аз андарзи бебаҳо муроҷиат карда гуфтаниам, ки ба қадри гавҳар ва лаъли бебаҳои тоҷикона - Истиқлолият бо тамоми ақлу хиради хеш расида, дар ҳифз ва рушду нумӯъи ин неъмати бебаҳо ҳиссагузорӣ карда,  ин бахти баланди Худододро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем!

Душманони ҳаёти хушбахтонаи мо, имрӯз ҳам умеди худро аз халалдор кардани зиндагии халқи мо накандаанд. Шому субҳ дар паи нақшаҳои бебунёд, бесамар ва размонаи худ қувва сарф карда, ҷидду ҷаҳди азиме доранд. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо сиёҳдилони ноҷавонмард ва хоинони миллат муборизаи беамон барем. Нагузорем, ки душманон ҳаёти осоиштаи моро, ҷавонони моро гумроҳ карда, ба ҳаёти ширини мо осебе расонанд. Яке аз ин гуна ғаддорон, ки ғояи экстремистӣ, террористӣ аз рӯзи аввалини фаъолияташ маҳаки амали худ қарор дода буд, ба зиндагии мо бадбахтиҳои зиёд эҷод кард, Ҳизби фоҷиабори наҳзати ислом мебошад.

Ин ҳизби бебунёд, аз рӯзҳои аввалини фаъолияташ бисёр вайронкориҳои азимеро ба вуҷуд овард, ки чӣ қадар мардумони зиёд бо айби ин ҳизби бадхоҳ қурбони ғадр гардида, сарсону саргардон дар ғарибию мусофирӣ тӯъмаи марг шудаанд. Ин ҳизби бадхоҳи ҳаёти осоишта номуси шарафи худро ба хоҷагони хориҷаи Эронии худ фурӯхта, ҷавононро, ки қувваи бузурганд, гумроҳ карда, майнаашонро заҳролуд намуда, ҷавонмарг намуданд.

Ман ба ҷавонон муроҷиат карда гуфтаниам, ки фирефтаи найранги ин хоинони миллат нашуда, бо тамоми хиради созанда ва эҷодкорӣ худро барои ободии кишвар равона намуда, аз сабақи ҳаётии гузашта дарси ибрат гиранд. Роҳ надиҳанд, ки ин офарандагони ҷангу хунрезӣ дигар мардуми моро гумроҳ карда, ба вартаи ҳалокат баранд. Бедили бузургвор дар яке аз байтҳояш гуфтааст:

Аз сифла он чӣ зояд, таъзимро нашояд,

Нақше, ки ҷӯшад аз по, ҷуз зери по набошад.

Ба гуфти Бедил аз ин мардуми сифла ва ғаразнок, ки исломро ниқоби худ карда, мардумро гумроҳ намуда, чӣ қадар бадбахтиҳоро ба вуҷуд оварданд, дар ҳазар бошем. Худо нахоҳад, ки ғояҳои террористӣ - экстремистӣ ва ғоратгаронаи Ҳизби наҳзати ислом дар байни мо роҳ ёбад. Мо бояд муборизаи беамон барем, нагузорем, ки як зарраи ғояи бешарафонаи ин ҳизб дар байн роҳ ёфта, ҳаёти ширини мардуми моро талх гардонад. Ҳизби мазкур аз ибтидо дар байни мардум низову ноиттифоқӣ ба вуҷуд оварда, дини исломро доғдор намуд. Ислом, ки бо ғояҳои башардӯстонаи худ асрҳои аср аз имтиҳонҳои сахти ҳаёт гузашта омадааст, ваҳдат, ягонагӣ, ҳамдилӣ, некхоҳӣ ба насли башар, покию озодагӣ, муҳаббат ба наслҳо ва ғояҳои инсондӯстиро талқин карда омада истодааст. Ба ислом ягон ҳизб лозим нест. Ислом бо роҳи адолатхоҳӣ, некҷӯӣ, некхоҳиву некбинӣ, инсондӯстӣ, хоксориву фурӯтанӣ, поквиҷдонию зебопарастӣ ва ҳақпарварии худ мардумро ба роҳи покизагӣ ҳидоят менамояд. Дар ягон ҷои китоби ахлоқии муқаддаси мо - Қуръони маҷид ғояи террористӣ - куштани одам бо дасти одам талқин наёфтааст. Балки даст ба дасти якдигар дода, мадад расонидан ба ниёзмандон талқину таҳрезӣ шудааст. Устод Саъди Шерозӣ, ки донандаи бузурги Қуръон буданд, бо асарҳои худ ғояҳои ҳикматноки Қуръонро бо суханони таъсирбахш  ва пуриқтидори шоирона ифода карда, тамоми ашъори худро ба инсонпарварӣ, ахлоқи ҳамида, фидокорӣ равона намудаанд. Дар яке аз шоҳбайтҳои худ, ки дар пештоқи маҷмааи ЮНЕСКО бо хати зар сабт шудааст, чунин фармудаанд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

         Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

  Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

    Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Дар мисраҳои боло ғояи аслии башардӯстона, ки дар мағз андар мағзи Қуръон ҷойгир аст,  тараннум карда шудааст. Пас инсон набояд ба сари бародари худ бадбахтӣ оварад, қатлу хунрезӣ намояд, мардумро ба гумроҳӣ андозад. Бояд гӯем, ки саркардагони  Ҳизби разилона ба Ислом иснод оварданд, ин Худозадаҳои беимон сабабгори балову офатҳои азим гардида, ба ҳаёти осоишта талафоти зиёди молию ҷонӣ ба миён гузоштанд. Ҳар касе, ки ба ҳаёти имрӯза ношукрӣ мекунад, ба неъматҳои зиндагии имрӯза хиёнат мекунад, таърих ва Худованд гуноҳи ӯро асло намебахшад.

Дар давлати имрӯза инсон маҳз  ба  туфайли  меҳнати пурмашаққат  сазовори   ҳурмату эҳтиром   мегардад, маҳз ба туфайли меҳнати софдилона сатҳи зиндагии худро баланд мебарорад.  Маҳз  самаранокии    меҳнат,    инсондӯстӣ,  ватанпарварӣ,  пайванди   илму ҳунар будан  маърифати  инсониро баланд гардонида, аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо эмин медорад.  Агар мо меҳнат накунем, барои ободӣ ҳисса нагузорем, пас чӣ тавр хушбахт мешавем? Пайравони Ҳизби наҳзати ислом мардуми беҳунар, догматикҳои бебунёданд, ки ба ҷои мардумро ба созандагӣ ва ободкорӣ даъват намудан, ба роҳи ғоратгарӣ, куштор, роҳандозӣ, авбошӣ мебаранд. Вале чуноне, ки дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». Ҳизби наҳзати ислом симои ҳақиқии худро нишон дод. Ғояҳои нопок, ғоратгарона  ва бедодгаронаи ин ҳизб, ки аз пойдевор беасос буд, боло нарафта, дар нимароҳа чаппа шуда, симои ҳомиёни худро нишон дод, ҳаёт ниқобро аз рӯи онҳо бардошт. Ҳофиз гуфтааст:

                           Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд,

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:

                           Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Аз расонаҳои ахбор маълум аст, ки сарварони ин ҳизб чӣ қадар маблағҳои дар ихтиёри ҳизб бударо аз худ карда, дар гурезагӣ дар хориҷа умр ба сар доранд. Ин ашхосони бешараф дар қафо истода, чӣ қадар ҷавонони дар муҳоҷират зиндагӣ доштаро гумроҳ намуда, ба ҷанги хонумонсӯзӣ сӯи Сурия фиристоданд, ки аксарият куллан беному нишон шуда рафтанд. Бисёр хуб шуд, ки Давлати Соҳибихтиёри мо пардаро аз рӯи ин ҳизби зарарнок бардошта, фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кард.

Умри инсон ниҳоят кӯтоҳ аст, ба гуфти Бедил ба монанди ашк дар болои миҷгон. Бинобар ин матлаби мо  дар  он аст,  ки   насли  имрӯзу   фардоро   дар  руҳияи   инсондӯстӣ,     ватанпарварӣ,   маърифатнокӣ ва   меҳнатдӯстӣ   таълиму  тарбия   намоем.

Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватан бояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияту пойдории мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳар гуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммиллатони моро заҳролуд намоянд.

Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад. Вазифаи ҷонии ҳар як ҷавони даврони соҳибистиқлол ин омӯзиши касбу ҳунар ва обод намудани Ватан аст. Ояндаи Ватан дар дасти ҷавонон аст, зеро 70 фисади кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ба ҷуз ҷавонон касе Ватанро обод намекунад.

Мухбира Комилова, устоди кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд