Тоҷикони Афғонистон аз рӯи маълумоти манобеъи мухталиф аз 10 то 14 миллион нафар дувумин гурӯҳи бузурги қавмии Афғонистони муосир мебошанд. Муайян кардани ҳиссаи тоҷикон дар миёни аҳолии Афғонистон бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст, зеро дар тӯли чанд даҳсола дар ин кишвар барӯйхатгирии мунтазам гузаронида нашудааст. Сарчашмаҳои гуногун тахминҳои гуногун медиҳанд: аз 27% то 46%. Ин метавонад аз 10 то 18 миллион нафар бошад. Ин ҳатто бештар аз худи Тоҷикистон аст, ки ҳамагӣ 9 миллион тоҷик зиндагӣ мекунад.

Тоҷикон дар вилоятҳои шимолу шарқӣ ва ғарбии Афғонистон: Балх, Тахор, Бадахшон, Парвон, Панҷшер, Каписа, Бағлон, Ғӯр, Бодғис, Ҳирот аксариятро ташкил медиҳанд. Гурўҳҳои назарраси тоҷикон дар дигар вилоятҳои кишвар (ба истиснои вилоятҳои Нуристон, Нангарҳор, Хуст, Зобул) низ зиндагӣ мекунанд. Мисли дар Осиёи Миёна минтакаҳои этникии тоҷикон чи аз руи минтақаҳои биёбон ва ҳам аз руи территорияи этникии ӯзбекҳо, туркманҳо, паштунҳо, хазорҳо, чораймакҳо ва ғайраҳо сахт тақсим шудаанд.

Тоҷикони Афғонистонро метавон ба гурўҳҳои зерин ҷудо кард:

  • Тоҷикони Балх ва Бадахшон (шимол ва шимолу шарқ), ки минтақаи ҷануби Тоҷикистонро идома медиҳанд.
  • Тоҷикони Кобулистон — дар вилоятҳои Кобул, Парвон ва Ғазнӣ (ҳавзаи дарёҳои Кобул, Панҷшер, Аргандаби боло).
  • Тоҷикони Ҳирот дар ғарб як ҷамъияти умдатан шиъаи ҳавзаҳои Ҳарируд ва кӯли Хомун буда, порсиёни Хуросон ва Систони Эронро идома медиҳанд.

Аҷдодони қадимии тоҷикони Афғонистон бохтариён, кушониён, эфталитҳо ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ буданд.

Ахолии сугдиҳои Осиёи Миёна асоси халки точикро дар Узбекистон ва бохтариён дар Афғонистон ташкил медоданд. Маҳз дар асри 9, вакте, ки тоҷикон аллакай ҳамчун як миллати ягона ташкил ёфта буданд, Рудакй, Дакикй, Унсурй барин шоирони барчастаи точик ба вучуд омаданд.

Сатторов Шарифҷон,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд