Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар даврони Истиқлолият барои мо – ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, созандагию ободонӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонид, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшид, ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва ҷиҳати дастгири  ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

      Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумату давлат мо - ҷавононро мебояд, ки аз шароитҳои мусоид истифода бурда, илм омӯзем, вақти бебаҳои худро ба корҳои беҳуда сарф нанамоем, соҳиби касбу кори муайян гардида, зиндагиямонро ба дурустӣ созем. Ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва дониши сиёсиии худро тақвият бахшем.  Махсусан, дар замони ҳозирае, ки вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя Афғонистон дар ҳолати муташанниҷу ноором қарор дорад, ҳифзи  марзу бум ва амнияти мардум, ки дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон қарор дорад, аз ҳар яки мо садоқамандию далериро тақозо дорад.  Бо воситаҳои шабакаҳои интернет  ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ-экстремистӣ фирефта нашуда,  ба Ватани худ содиқ бимонанд ва ба сиёсати одилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намоем.

     Дӯстию рафоқат, сабру таҳаммул, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини мо ҷавонон бошад. Зеро Ватан     пушти шонаҳои мо, ҷавонон мебошад.

         Тоҷикистон мулки озоду ободи  мост. Мо онро месозем ва пеш хоҳем бурд. Тоҷикистон ба пеш!

 Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд