Дар фалсафаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон эҷоди низоми ҷадиди иқтисодӣ - низоме, ки ба  таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ мусоид бошад ва барои пайвастани иқтисодиёти кишвар ба низоми ҷаҳонии иқтисодӣ роҳро ҳамвор менамояд, аз аслҳои бунёдгузор ба шумор меравад.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавии равандҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудааст.  Дар Паёми навбатии худ  Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва роҳу нақлиёт вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Мавриди қайд аст, ки ҳоло дар мамлакат ҳуҷҷати асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст, ки тибқи он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян карда шудааст.

Барои расиданд ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шудаанд:  

-  таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;

- таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

- саноатикунонии босуръати кишвар.

 Бояд қайд намуд, ки таърихи иқтисодиёти миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ се марҳилаи асосии иқтисодиро дар бар мегирад: марҳилаи буҳрон, муътадилшавӣ ва марҳилаи   рушд. Ин марҳилаҳо дорои хусусиятҳои хоси иқтисодӣ буда, аз   хисороти иқтисодии давраи ҷанги шаҳрвандӣ, то корҳои барқарорсозию бунёдкорӣ ва таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро фаро мегиранд.

 Дар маҷмӯъ, аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил гардид.

 

Дадобоев Шаҳбоз, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд