Пас аз мутоилаи мақолаи таҳлилии рузноманигори варзида, коршиноси муваффақ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Абдулоҳҳи Раҳнамо таҳти унвони  “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” бори дигар аз ҳунари қаламронӣ, ковишҳои таърихии ин қаламкаш қоил гардидам. Воқеан ҳам ҷомеа, нафароне, ки ба рӯйдодҳои низоъи марзӣ сарсарона баҳо медоданд, ин як дастури раҳнамоист ва ҷомеа ба ин гуна маводи иттилоотӣ  ниёз дошт. Абдуллоҳи Роҳнамо бо такя ба асноди таърихӣ, хеле мӯшикифона равандҳои тақсимиоти мииллӣ ҳудудиро ба риштаи таҳлил кашидааст. Воқен ҳам, дар фосилаи наздик ба сад сол кишвари мо дар асоси қарордодҳои алоҳида, ҳамчун иҷора беш аз 211 ҳазор гектар заминро бар ӯҳдаи Ҷумҳурии Қирғистон додааст, ки имрӯз бо сабаби даъвои худи ҷонии Ҷумҳурии Қирғзистон бояд  мӯй аз хамир ҷудо карда шавад. Қобили зикр аст, ки роҳбарони ҳамсоякишвар ба ҷои он, ки сари мизи гуфтушунид нишаста масъаларо ба таври оромӣ ҳал созанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки дар ин баҳси марзӣ онҳоро ҷонибдорӣ кунанд. Истилоҳи “Ҳам ғарию ҳам пешхезӣ” маҳз ба онҳо тааалуқ дорад. Абдулоҳи Роҳнамо бо мисолҳои мушаххас такя ба махазҳои таърихии давраи ташаккулёбии кишварҳои пасошӯравӣ хонандаро мӯътақид месозад, ки заминҳои ҳаҷман калон дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Масчоҳ, Ҷаббор Расулов маҷмӯан 210 ҳазор гектар замин ба ҷониби Қирғзистон гузашта, як қисми ноҳияи Лолак ва қариб ҳамаи ҳудуди ҳозира шаҳри Ботканд аз ҳисоби заминҳои бобоии Тоҷикистон чун шаҳр ва вилоят таъсис ёфтааст, ки комилан дуруст аст. Ба навиштаи Абдуллоҳи Роҳнамо ҳамин далелро илова кардан мумкин аст, ки ҳудуди ҷамоати имрӯзаи Чилгазӣ ва Лаккони  ноҳияи Исфара низ аз ҳисоби ғасби ҷониби қирғизон кам шудааст. Аламовароаш он аст, ки тавре дар навиштаи Абдуллоҳи Роҳнамо омадааст, ҳукумати Қирғизистон ба аҳолии шаҳру навоҳии Ботканд ва Лолак, ки ба ин ҷо кӯчида омадаанд, имтиёзҳои хеле фаровон аз қабили ҷудо кардани қитъаи замини дилхоҳ барои кишт ҷудо шудаааст. Имрӯз лагери асосии омодагии дифоъ маҳз дар шаҳри Ботканд қарор дорад. Ҷониби Қирғизистон ҳасосияти масъаларо сарфи назар карда, бо вуҷуди он, ки дар ду низоъи охирин аз ҳар ду тараф талафоти калони ҷонию хисороти зиёди молӣ дида шуд, дар парлумони кишварашон қарор қабул карданд, ки ба аҳолии наздисарҳадӣ ройгон силоҳ тақсим карда шавад. Магар чунин муносибат барои баланд шудани ҳисси бадбинӣ, барангехтани кинаву адоват ва мунтасил сар задани низоъ оварда намерасонад?

Мусаллам аст, ки дар ҳамаи музокирот ҷониби Тоҷикистон аз санадҳои ҳуқуқие истифода мебаранд, ки ҳуҷҷати расмии муаянкунандаи сарҳади байни давлатист . Аммо воқеан ҳам Абдуллоҳи Роҳнамо дуруст таъкид мекунад, ки аксари заминҳои мавриди баҳс, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд (ҳамон 211 000 га), дар тӯли ҳудуди 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ(1), табодули замин байни колхозу совхозҳо(2), тавофуқи роҳбарони ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо(3), қарори вазорату идораҳои соҳавӣ(4), ҳолатҳои фурӯхта шудани замин дар сатҳҳои гуногун(5), протоколҳои комиссияҳои муштарак(6), иҷорадиҳии расмии байниидоравӣ ё байнидавлатӣ(7) ва ғайра ба ихтиёри кишвари ҳамсоя даромадаанд. Яъне, аксари ин заминҳо амалан давра ба давра дар сатҳҳои гуногун ва дар доираи манфиатҳо ва рӯҳияҳои гуногун ба қирғизҳо вогузор шудаанд…

Дар такя ба чунин санадҳо вориди баҳс шудани ҷониби Ҷумҳурии Қирғзистон мутлақло нодуруст аст.  Ҷониби Тоҷикистон тавре болотар зикр шуд, дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон танҳо ҳуҷҷатҳоеро асос қарор медиҳад, ки тамоми марҳилаҳои расмиёти давлатӣ ва байнидавлатиро гузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ду давлат эътироф шуда бошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА СОЛИ 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати такя ба ин ҳуҷҷатҳо чунин аст: 1.«Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст. 2.Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузшта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд. 3.Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.

Аслан чун мо фаротар ба умқи таъриихи начандон дури солҳои бистуми сиюми асри гузашта ворид мешавем. Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии худмухтор дар тобеияти Ҷумҳурии Ӯзбкистон  пештар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, (онҳо низ бо номи  қарроқирғиз дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буданд) мустақилиятро ба даст овард ва дар харитаи солҳои 1927 -ум аҳолии Ворух 3 ҳазору 100 нафар ҳамчун қисми ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва заминҳои имрӯзаи гирду атрофи Ворух ба марзи Тоҷикистон ворид мешуд. Яъне Ҷамоати деҳоти Ворух ягон вақт анклав набуд ва нахоҳад шуд.  

Ҷониби Тоҷикистон бо қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926 дода шудани ноҳияҳои Баска-Исфана ва Чапкулук бо масоҳати умумии 180 ҳазор гектар,  аз 8-уми июни соли 1927 ҳавзаи ангишти Сулукта бо масоҳати 14 ҳазор гектар, аз 1-уми январи соли 1932 ҳудудҳои ҷамоати Замбуруч, аз ҷумла деҳаҳои Замборуч, Ҷар, Ҷизгон ва Чӯянчӣ бо масоҳати умумии 15 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шудаанд, ки ҷониби Тоҷикистон ба  ин масъала даъво надорад, гарчи ин мавзеҳо асрҳо аср макони аслии тоҷикон буд.

Ҳамин тавр дар фосилаи таърих ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон се маротиба солҳои 1948, 1957 ва соли 1989 кӯшиши қонунӣ гардонидани 210 ҳазор гектар заминҳои замоне ба иҷрора гирифтаашонро намуда, муваффақ нашуданд ва бо ҳуҷҷатбозиҳои сохта имрӯз даъво пеш меоранд, ки Тоҷикистон дар ғасби заинҳои бобоии онҳо даст дошта, барои барангехтани низоъ манифатдоранд. Аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки дар муноқишаҳо тоҷикон не, балки қирғизон манифатдоранд, ки ҷанг шаваду ба чор сӯи олам нишон диҳанд, ки Тоҷикистон ба онҳо зӯрӣ мекунанд. Мо кишвари заминбохтаем на таҷовузгар. Барои кишвари мо як ваҷаб замини ҳамсоягон лозим не, аммо заминҳои бобоии худро, ки даҳ маротиба аз Душанбешҳри имрӯза калонтар аст, хоҳем гирифт. 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд