Вақти тасмими навиштани мақола дар бораи дирӯзу имрӯзи соҳаи энергетикаи кишвар ба хотирам зимистони сахту сангини охири соли 2007 ва аввали соли 2008 расид. Ба якборагӣ сард омадани ҳаво боис шуд, ки талабот ба нерӯи барқ зиёд шавад. Он замон дар аксари минтақаҳо мардум ҳамагӣ як соат барқ мегирифтанд. Нерӯгоҳҳои обии кишвар бо сабаби яхбандии зиёд ва кам шудани ҳаҷми об дар дарёи Вахш қудрати истеҳсоли нерӯи барқро надоштанд.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тобистони ҳамон сол зимни суханронӣ доир ба вазъи соҳаи энергетикаи кишвар ва вазифаҳои минбаъда доир ба рушди он таъкид доштанд: «Мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва пеш аз ҳама бо дарки ин асл, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ масъалаи нангу номуси миллӣ мебошад, ҳатман амалӣ намоем».

      Инак, бо гузашти чордаҳ сол пешрафти имрӯзаи соҳаро бо ҳамон солҳо қиёс мекунаму бори дигар аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат қоил мешавам. Воқеан ҳам таъмини сартосарии нерӯи барқ дар ҳама фасли сол аз ҳадафҳои меҳварии стратегии давлат маҳсуб ёфта, барномарезии пурвусъат ва тарҳандозии дақиқи бунёди иншоотҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ, ки дороӣ ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистонро ба таври қиёснопазир афзун хоҳад кард, мунтазам дар амал татбиқ мешавад.

   Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки «Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад».

       Воқеан ҳам агар дар соли 2008 ҳамагӣ 94 адад нерўгоҳи хурди барқии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта бошад, айни ҳол ии рақам ба 283 адад расидааст. Феълан “Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2020-2025» амал мекунад, ки мувофиқи он то соли 2025 беш аз 230 нерўгоҳи дигар бунёд хоҳад шуд. 

    Бино бар иттилои Вазорати саноат ва энергетикаи кишвар дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли  нерўи  барқ   дар ҷумҳурӣ ба 13 млрд. 734,50 млн. кВт. соат расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 469,3 млн. кВт. соат зиёд мебошад.

  Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи  барқ дар нўҳ моҳи соли 2017 ширкати «Барқи Тоҷик» аз истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 854,7 млн.кВт.соат энергияи барқро бо маблағи умумии 48,67 млн.доллари ИМА харидорӣ намуд, ки ин  дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 137,1 млн.кВт.соат ва ё ба маблағи 1,5 млн.доллари ИМА кам мебошад. Аз ҷумла, аз  НБО-и  “Сангтўда-1” дар ҳаҷми 1 млрд. 334,8 млн.кВт., ё ба маблағи 30,9 млн.доллари ИМА ва НБО-и “Сангтўда-2” дар ҳаҷми 513,3 млн.кВт.соат. ба маблағи 17,7 млн.доллари ИМА нисбати соли гузашта энергияи барқ камтар  харидорӣ карда шуд.

    Маълум аст, ки талафоти сӯзишворӣ ва энергия ба омилҳои гуногун, аз ҷумла ба механизмҳои ҷории иқтисодиву молиявӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо мақсади сарфаҷӯии нерӯи барқ ҷорӣ кардани технологияҳои муосир вобаста мебошад. Яке аз дастовардҳои соҳа дар солҳои охир он аст, ки дар кишварамон истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ, воситаҳои техникии истеҳсол ва интиқоли барқ ба таври васеъ ба роҳ монда шуда,  ба кори пурманфиати сарфаҷӯии энергия мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардидаанд. Имрӯз шаҳрҳои азими кишварамон аз қабили Душанбеву Хуҷанд бо суратҳисобкунаки рақамӣ пайваст шудаанд, ки ин имкон дод, то ҳам нерӯи барқ сарфа гардад ва ҳам маблағи ҳаққи истифодаи нерӯи барқ саривақт ба хазина ворид гардад. 

    Дигар омили пешрафти соҳа он аст, ки аз ҷониби ширкати энергетикӣ дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти шабакаҳои барқӣ ва иқтидорҳои барқистеҳсолкунанда, паст намудани сатҳи талафоти технологии нерўи барқ  корҳои муайяни таъмирию барқарорсозӣ ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби фонди таъмирӣ  56,84  млн. сомонӣ маблағ азхуд карда шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли   гузашта 3,37 млн. сомонӣ  зиёд мебошад. Таваҷҷӯҳ ба рушди нерӯгоҳҳои хурд боис шуда, ки аз рӯи маълумоти Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба ҳолати 1 октябри соли 2017 дар НБО-и хурд 20 млн,500 ҳаз.кВт. соат нерўи барқ истеҳсол гардидааст.

   Яке аз дастовардҳои беназири соҳа дар солҳои охир ин мавриди баҳрабардори қарор гирифтани марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо ибтикороти Пешвои миллат мебошад. 

Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021-2022 бо нерўи гармӣ таъмин намудани 1530 иншооти шаҳри Душанбе  ба  нақша  гирифта шудааст. Дар маҷмуъ аз Маркази барқу гармидиҳии №1, Маркази барқу гармидиҳии №2, дегхонаҳои «Шарқӣ», дегхонаи «Ғарбӣ» 1504 иншоот ва аз дегхонаҳои локалии Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» 26 иншоот бо нерўи гармӣ таъмин карда мешаванд. Ин тадбир имконият медиҳад, ки аз ҳисоби кам истифода бурдани нерӯи барқ ва дар як вақт истеҳсоли барзиёди нерӯи барқ ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол он зиёдтар гардад.

Бо мақсади беҳ намудани сатҳи таъминоти нерўи барқ    дар шаҳри  Душанбе  вобаста ба сохтмони  2 адад зеристгоҳҳои нави 110 кВ ва таҷдиди зеристгоҳи барқии   110/35/10 кВ «Промышленная»  дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкории байналхалқӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа санаи 30 июни соли 2017 байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкории Байналмилалӣ Созишномаи грантӣ  ба маблағи 2,2 миллиард Ени ҷопонӣ (Yen) ё худ тахминан 20 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

     Ҳамчунин, вобаста ба маблағгузории лоиҳаи “Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи Марказ” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишномаи қарзӣ ба маблағи 79,0 млн. долари ИМА ба имзо расонида шуд.

     Дар маҷмуъ, барои татбиқи лоиҳаҳои болозикр ва дигар лоиҳаҳои беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонии нерӯи барқ дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми умумии 549 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб гардидааст, ки аз ин 454,7 доллари ИМА қарз ва  94,3 маблағҳои грантиро ташкил медиҳанд.

  Мусаллам аст, ки иқтидори истеҳсолии нерӯи барқи кишварро бе нерӯгоҳи обии барқии “Роғун” тасаввур карда намешавад. Иншооти ҳаётан муҳим бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ аз ҷониби ширкати “Салини Импре — ҷило”-и Италия, ки дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад бунёд хоҳад шуд.

Амалӣ шудани нақшаҳои мавҷуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввалини нерӯгоҳи мазкур давоми солҳои 2018-2019 имкон медиҳад, ки талаботи иқтисодиёти Тоҷикистон ба нерӯи барқ хеле хуб гардонида шуда, барои содироти он имконияти васеъ ба вуҷуд ояд. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон аз мамлакати ба содиркунандаи нерӯи барқи арзон мубаддал хоҳад гашт ва на танҳо иқтисодиёти худи ҷумҳурӣ, балки минтақа ва давлатҳои ҳамсояи дуру наздикро таҳким хоҳад бахшид.

Аз ҷониби дигар, мавриди истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳи бузурги аср – «Роғун» барои ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои нави саноатӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандони бекор, коҳиш додани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, истифодаи қобили меҳнати корӣ ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва ниҳоят барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбӣ мерасонад. 

Иқдоми неки сарвари дурандеш, поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шодию фараҳ овард ва минбаъд ин тадбири муҳим ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, таъмини комили энергетикӣ дар кишвар таъсири мусбӣ расонида, ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ равшанӣ хоҳад бахшид.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд