Аз хабарҳои иттилоотӣ маълум аст, ки Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, аз ҷумла ба суханронии ӯ дар Созмони Миллали Муттаҳид обро лой карда, ба мисоли мақоли халқӣ  “аз об хушк баромадан”-ӣ аст.  Аммо худ ҳамагон шоҳиди онанд, ки саркарда ва омодагиҳои ҷангӣ аз куҷо сар шуду ба чӣ ҳолат омада расид. Акнун пас аз чунин суръат гирифтани кор об ба сари мардуми тоҷик рехтан ва сабабро ба сари мардуми оддӣ бор кардан чӣ шояд?

Худ мардуми қирғиз хуб медонанд, ки саркардагони ҷанг кистанду низоангезандагон чӣ мехоҳанд ва ба чӣ корҳо қодиранд. Ин ҷо бояд ҳақиқатро пеша кард ва мисли тарсу на сангро  ба сари касе кӯфт, балки мардона хатогиҳоро дарк карда, онро бояд ислоҳ кард.

Ба ҷойи он ки фарҳангу тамаддуни халқи худро баланд бардошту сулҳу амниятро пеш гиранд, он роҳбарони миллати қирғиз роҳи разолату бӯҳтонро интихоб карданд. Акнун оё аз хуни рехтагон ором шудед, эй саркардагони ҷанг?  Макону молиятхоҳии ҳамсоягон аз таърих ба мо тоҷикон хуб маълум аст ва он носозиҳо ва ноадолатиҳоие, ки дар арсаи таърих халқи азиятдидаи тоҷик ба сар гузаронида буд, худ таҷрибаи зиндагиро қавӣ гардонид. Акнун миллати тоҷик ҳарчанд, ки ҷангу адоватро нахоҳад ҳам ба сари миллати худ истодагариро хуб медонад ва ҳувияи мадонагию ватандустиро аз азал ба ҷо меорад. Он амнияту ваҳдат ва истиқлолияти бадастовардаи худро нигоҳ медорад. Имрӯз тоҷикон бо сарвари баландтинату оқилу доно, яъне Президенти худ Эмомалӣ Раҳмон фахр менамояд ва боварӣ дорад, ки ояндаи ин кишвари куҳанбунёд дар ҳифзи мардони боиродаву баландмақом қарор дорад.

 

 

Муллоусмонова Г.. устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд