Ба хотири пойдории давлати мустақилу соҳибтамаддун ҳамаи моро мебояд, ки ҳамеша аз арзишҳои олии кишварамон ҳифзу ҳимоя намоем. Зеро оини давлатдории тоҷикон имрӯз боиси саодатмандии мардумони тоҷик дар ҷаҳон гаштааст. Миллати тоҷикро маҳз иродаи қавӣ бар зидди душману ақидаҳои ватандӯстона ҳамеша аз мағлубияту талаф эмин медорад. Ба хотире, ки тамоми мардумони шарафманди диёрамон барои ягонагии давлат ва якдилии марудмон ҳамеша кӯшиш мекунанд. Халқе, ки роҳу равишеро барои амалигашти ҳадафҳои неки худ интихоб мекунад, ҳамеша сарбаланду зафарёб дар фатҳи қуллаҳои давлатдорӣ хоҳад буд.

Мо тамоми мардумони Тоҷикистон маҳз ғояҳои худшиносиву ватанпарвариро аз мактаби ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтем ва хело аз он сарфароз ҳастем, ки мо вориси арзандаи номи фарзонафарзандони миллатем. Сарвари давлат дар ҳамаи суханронӣ ва баромаду Паёмҳои хеш  аз кулли мардумони Тоҷикистон даъват ба амал меоранд, ки бояд ба қадри Истиқлолияти давлатӣ расида, дар ҳифзу ҳимояи сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумони фарҳангсолору ватандӯсти тоҷикон бетараф набошад. Маҳз бетарафию нодида гирифтани дастовардҳои бузурги таърихӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ моро дучори бадбахтиҳои бузург мегардонад. Ба ҳамин хотир ҳамеша аз Ватану диёри маҳбубамон ҳимоят намуда, арзишҳои олидараҷаи онро пос доштан беҳтарин рисолати шаҳрванди буда, метавонад пояҳои давлатдории ва оинҳои неки ниёгонамонро устувору қавитар гардонад.

Ифтихор кардан аз Истиқлолияту озодӣ ва гиромидошти он вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоме ватандор аст. Ҳоло ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо дар кишварҳои ҳамсоя ва манотиқи олам чӣ гуна нобасомонию нотинҷӣ ва азобу уқубати мардуми бечора сар зада истодааст. Мо бояд шукргузори чунин Ватани обод бошем, ки дар зиндагӣ моро ин саодат насиб гаштаву сарбаланд гардонидааст. Шукрона аз сарвари оқилу хирадпеша ва ояндасоз кунем, ки болои сари мост ва моро аз ҳар гуна омилҳои таҳдидомези сиёсӣ ҳифз мекунанд ва пайваста дар фикри оромиву озодии мардум ҳастанд. Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо дар айёми гул –гул шукуфтанҳост ва рӯз аз рӯз нуфузи худро дар арсаи байналмиллал баланд гардонида истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо шарофати роҳбарияти ғамхору хирадманди кишвар ва мардуми ваҳдатофар ба даст омадааст. Вазифаи мост, ки ба ояндагон, ба насли фардо чунин шоистагию зафармандиро бо корнамоиҳои нек ба мером гузоранд, то ояндагон моро ватандору ватандӯст шинохта аз гузаштагони хеш ифтихор намоянд.

Оқилҷонова Шаҳноза, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд