Дар ҷомеа   шахсиятҳое ҳастанд, ки номи онҳо дар зиндагиву фаъолияти ҳамарӯзаи мардуми тоҷик   ҳамчун  қаҳрамони миллат, рӯшанкунандаи арзишҳои миллӣ, бедордили миллат, худогоҳу худшинос, пайвандгари аслҳову наслҳо, ҳодими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, нақш баста, сазовори ҳурмату эҳтироми халқ гардидаанд. То ҳатто тарзи зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ, давлатӣ ва   илмиву таҳқиқотии чунин шахсиятҳои эътирофгашта, намунаи ибрати ҷавонон, кормандони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, зиёиён-устодони мактабҳои олии мамлакат шуданд. Яке аз чунин шахсиятҳои номдор, олими нотакрор, ходими намоёни давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Имрӯз номи некӣ ин шахсият вирди забони ҳар як сокини мамлакат, доираҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишварҳои  ҷаҳон, сиёсатмадору  олимон гардидааст. Имрӯз омӯзишу таҳқиқоти сарнавишт ва ҷойгоҳи Бобоҷон Ғафуров дар инкишофи илмҳои таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ ва сиёсатшиносӣ, давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт, равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ маънову мундариҷаи  нав гирифт.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин гуфтаанд: “Академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи ҷеҳраҳои мондагори миллати тоҷик мебошад, ки аз мактаби бузурги устод Садриддин Айнӣ гузашта, бо осори гаронбаҳои хеш миёни алоқамандони илму фарҳанг маҳбубияти беандоза пайдо кардааст. Ин фарзанди фарзонаи миллат, дар баробари ба дӯш доштани вазифаҳои  масъули давлативу сиёсӣ, пайваста ба таҳқиқи таърихи миллати тоҷик машғул шуда, ин куҳандиёрро дар миёни ҷумҳуриҳои  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон ба тарзи шоиста мурарифӣ намудааст”. Аз гуфтаи Сарвари мамлакат ва аз сарнавишти Бобоҷон Ғафуров  аён аст, ки  Бобоҷон Ғафуров солҳои тӯлони дар мақомотҳои   роҳбарии  Тоҷикистон ва муассисаи илмии сохтори Академияи илмҳои  СССР фаъолият  бурд, вале лаҳзае ҳам худро аз таҳқиқоти илмиву омӯзишӣ дур накард ва ҳамеша аз пайи бозёфтҳои илмӣ ва  фарҳангии мамлакат буд. Дар бораи ҳаёту фаъолият ва корҳои илмии Бобоҷон Ғафуров китобҳои зиёд, асарҳои илмию оммавӣ, маводҳои публисистӣ дар матбуоти даврии мамлакат ва хориҷи дуру наздик дарҷ шудаанд. Як қисми китоби энсиклопедии Эмомалӣ Раҳмон “Ҷеҳраҳои мондагор”,  асари илмии академик Мухтор Аҳроров “Бобоҷон Ғафуров”(бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ),  Усмонҷон Ғаффоров  “Равшангари таърих” ва “Алломаи замон”, академик  Нӯъмон Неъматов, олимон Атохон сайфуллоев, Ҳабибулло Холҷӯраев, Назирҷон Турсунов,  Ваҳоб Набиев, Саидҷон Марофиев, Шавкат Шарипов ва дигарон ба чустуҷӯйҳои илмию ҷамъиятии Бобоҷон Ғафуров ва  таълифи  китоби “Тоҷикон” бахшида шудаанд.

Махсусан дар барои арзишҳои илмӣ, фарҳангӣ, таърихию этнографии китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров чорабиниҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ доир гардиданд, ки дар онҳо ҷойгоҳи асари мазкур дар омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ, ҳамчун сарчашмаи боэътимод таъкид гардид.

Соли 1972-ум дар арафаи таҷлили ҷашни 50-солагии таъсисёбии СССР аз ҷониби бахши шарқии  нашриёти “Наука”-и Академияи илмҳои СССР , дар ҳаҷми 10,0 ҳазор нусха дарҷ гардидани китоби Бобоҷон Ғафуров бо номи “Таджики” (“Тоҷикон”) воқеъаи бузурги сиёсиву ҷамъиятӣ, фарҳангиву таърихӣ буд. То ин давра, яъне то соли 1972-ум дар маркази Иттифоқи Советӣ шаҳри Москва бо номи миллат ягон китоби илмӣ-фундаменталӣ чоп нашуда буд. Барои дар шаҳри Москва бо номи миллат аз чоп баровардани китоби илмӣ кори саҳлу осон набуд ва барои ин амал ҷасорат, принсипнокӣ, олими ҳақиқӣ будан, шахси ифтихори баланди миллӣ дошта, лозим буд. Бобоҷон Ғафуров дорои чунин хислатҳо буданд. Китоб ба забони русӣ чоп шуд ва он дастрасии аҳолии понздаҳ ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советӣ гардид. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани китоби “Тоҷикон” беш аз 2000 номгӯй китоб, брошюра ва мақолаҳои матбуоти давриро истифода бурд. Аз ин миқдор 367 номгӯйи сарчашмаи кишварҳои хориҷӣ буд. Ҳолдонон мегӯянд, ки дар вақти холигӣ, рӯзҳои истироҳату давраи рухсатии меҳнатӣ ҷойи дӯстдоштаи  Бобоҷон Ғафуров  Китобхонаи давлатии СССР ба номи Ленин, Китобхонаи умумиитифоқии фундаменталии фанҳои таърихӣ  шаҳри Москва, Китобхонаи илмии Академияи илмҳои СССР. китобхонаҳои меросии хаттии Озорбойҷон, Грузия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон буданд. Академик Бобоҷон Ғафуров  ба мамлакатҳои хориҷӣ, ба монанди Туркия, Алҷазоир, Мисри Араб, Арабистони Саудӣ, Бирма, Гвинея+, Ҳиндустон, Покистон, Сурия,  Лубнон, Ироқ,  Германия,  Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Франсия, Австрия, Чехия, Славакия, Афғонистону Эрон, ҷумҳуриҳои бародарии Иттифоқи Советӣ сафар карда, барои асарҳои илмии  таърихиаш аз  маҳзанҳои китобии китобхонаҳои ин кишварҳо истифода бурдааст.

 Ҳанӯз солҳои 1963-1965 дар таҳрири Бобоҷон Ғафуров бо ҳамроҳи  олимон Борис Литвинский ва Александр Беленитский китоби “Таърихи халқи тоҷик” дар се ҷилд ва панҷ китоб нашр гардида буд. Бо кӯшиши академик Аҳрор Мухторов китоби “Тоҷикон” иборат аз ду ҷилд бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе чоп  шуд ва он дастрасии шаҳрвандони тоҷик гардид. Боиси ифтихор аст, ки асари “Тоҷикон” дар тӯли 50-соли охир  якчанд  маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, ӯзбекӣ, дарӣ, лаҳистонӣ, арабӣ, англисӣ бо теъдоди зиёда аз 150,0 ҳазор нусха рӯйи чопро дид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои абадӣ гардонидани номи мӯътабари академик Бобоҷон Ғафуров бо ибтикор ва ташаббусҳои бевоситаи гуманистона ва фарҳангдӯстонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якқатор чорабиниҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ба сохтори ҷуғрофӣ-марзӣ маъмурии кишвар низ ворид намудани номи Бобоҷон Ғафуров хушнудии аҳли илму фарҳанг гардид. Яъне, номи яке аз калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров иваз карда шуд.

 Бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 1997 ба ходими барҷастаи илм,  сиёсат, фарҳанг, муаллифи шаҳкитоби “Тоҷикон”, академик Бобоҷон Ғафуров унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Ин амали Президенти мамлакатро кулли мардуми Тоҷикистон,  доираҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсии якчанд давлатҳои хориҷӣ бо мо дӯст хуш пазируфтанд ва онро фоли нек донистанд. Бо супориши Президенти мамлакат 90-солагӣ, 100 солагӣ ва 110 солагии Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни илмиву фарҳангӣ ботантана қайд карда шуданд.  Имсол ҷашни 115 солагии Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад ва ба ин муносибат  Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  пурра таъмиру тармим гардид. Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд Осорхонаи навро мавриди истифодабари қарор доданд, ки Осорхона тӯҳфаи пурарзиши фарҳангӣ ба мардуми вилоят дар арафаи ҷашни 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров   гардид.    

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-ро манбаи асосии болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дониста, дар китоби хеш “Ҷеҳраҳои мондагор” чунин зикр кардаанд: “Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёди ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ  ба шумор меравад. Ин асар барҳақ,  китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури  таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”. Бо Амри Президенти мамлакат баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” барои аз ҷониби сокинони мамлакат мукаммал омӯхтани китоби “Тоҷикон” тасдиқи гуфтаҳои Сарвари давлат мебошад. Озмун ба донишҷӯёну устодон имконияти васе фароҳам овард, ки асарҳои таърихие, ки моро ба ватанпарварию инсондӯстӣ, ифтихори миллӣ, хештаншиносию кишваршиносӣ даъват мекунад, бисёртар рӯй оварем ва дар мисоли китоби “Тоҷикон” таъриху фарҳанги миллат ва халқи худро дар сатҳи олӣ донем ва бо чунин шахсияту китоби оламшумул фахру ифтихор кунем. Дар радифи ин гуфтаҳо ва навиштаҳо, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик асари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба  ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа гардид.

Имрӯз дар кишвар  кӯчаву хиёбоне, муассиаҳои таълимӣ, мактабҳои олӣ ва миёнаи таълимоти ҳамагонӣ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотие нест, ки ба шарафи Бобоҷон Ғафуров номгузори нашуда бошад. Боиси ифтихор ва хушнудист, ки имрӯз яке аз муассисаҳои илмиву таълимии бонуфузи ҷумҳурӣ - Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   номгузорӣ гардидааст.   

 Дар фарҷоми андешаҳои худ нисбати Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби пурарзиши ӯ “Тоҷикон” ба донишҷӯён-ҷавононони саодатманд  муроҷиат карда  зикр карданиам, ки нишондод ва гуфтаҳову навиштаҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои зиндагиву хониш ва омӯзиши ҳар як насли наврас, ҷавону миёнасол бояд бошад. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд:-“Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, бо рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу субботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем”. Ин  суханони пурарзиши Сарвари давлат маънои   посдории номи некӣ   Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мо-ворисони арзандаи Аллома  мебошад.

Зиндагиномаи академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби “Тоҷикон”-ро хуб омӯзем,   Бобоҷон Ғафурову китоби вай “Тоҷикон”-ро ҳамчун муаррификунандаи миллат ва халқи тоҷику Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи  олам   муқаддас  донем..  

                                                             Аҳмедова  Нусратхон  н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои  ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд