Ҳоло мо дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар холе, ки ҳатто замони шӯравӣ ҳолат чунин набуд. Тамоми кӯшиши ҳукумати шӯравӣ бар он равона шуда буд, ки мардумро аз дину имон ва муқаддасоти миллиашон дур кунанд. Аз нақлҳои модаркалонам, бар меомад, ки  дар гузашта волидонамон пинҳониӣ ва бо ҳазор тарсу ваҳм дар хонаҳо адои  намоз мекарданд. Ва агар ин амали эшон ошкор шавад, ҷазои сахт мегирифтанд. Хушбахтона,  ба шарофати истиклолияти давлатамон мо аз ин асорат ва дурафтодагиву бедини халос хӯрдем.   

Имрӯз давлат пуштибони дини исломе аст, ки ба маънои томаш ҳақиқист. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст. Пас, ин ҳама иғвову  кинаҷӯи ва  баҳонахоҳиро зарурат чист намефаҳмам? Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд онҳоро аз кишварҳои хориҷабар гардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин  насозад пас ин вазифаи кист.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, падару модарон ва мураббиёну муаллимон  масъули тарбияи фарзанднамон ҳастем беҳтар он аст, ки дар ин синну солашон онхоро  ба рохи рост бурдан осонтар аст ва ҷаҳонбиниву дониш ва бовару назарҳояшон ҳанӯз комил нашудааст, худамон таълим диҳем. Ба  мақсади неки худ мерасем, онҳоро ба руҳияи меҳанпарастӣ ҳидоят намоем.

Имрўз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурўҳҳо рў ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд.

Имрўз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурўҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ тақдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳидшуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурўҳи ифротгаре иродаи худро зўран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Дар баробари он ки ҷавононро як қишри асосии ҷомеа арзёби намуда, эшонро ҳамеша дар мадди назар қарор додаанд, бар замми ин боз давлат ва хукумат вазифадор аст, ки барои фардои Тоҷикистон насли солим тарбия намояд ва заминаҳои фардоро имрӯз  мухайё сохтааст.

Тоҳиров Т.И. омӯзгори калони кафедраи А ва ИН