Наздикии ду моҳ мешавад, ки «Толибон» дар Афғонистони ҳамсоя ҳукмронӣ менамоянд. Дар ин муддат онҳо чеҳраи аслии худро ба оламиён нишон доданд. Ба ҷузъ аз қатлу куштор, ҷорӣ кардани режими худхоҳӣ, поймол кардани ҳуқуқҳои занон кореро анҷом надодаанд. 

Аз рӯзҳои аввали сукути ҳокимият дар Афғонистон мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохти ҳукумати нав зери султаи таҳрики «Толибон» муайяну мушаххас буд. Бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баёни худ вобаста ба вазъи  печидаи давлати ҳамсоя дар рӯзҳои аввали сари қудрати сиёсӣ омадани таҳрики «Толибон» шинохти онҳоро бо таъсиси ҳукумати фарогир ва ҳамашумул ва ба мадди назар гирифтани афкори аққалиятҳои миллӣ дар таъсиси давлат матраҳ намуданд. Ҳамчунин пофишориҳо ҳангоми дидору мулоқот бо сарвазири Покистон Имрон Хон зимни баргузории ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии  Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба вазъи сиёсии Афғонистон бори дигар собит месозад, ки мавқеи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва эҳтирому риояи арзишҳои фитрии  инсон бетағйир  ва далолаткунанда ба ободию озодӣ,  пешрафту шукуфоӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи Афғонистон нигаронида шудааст.

Аммо, мутассифона доираҳои толибгаро ва бозингарони сиёсии наздик ба доираҳои сиёсии таҳрики «Толибон» аз чунин мавқеъгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ҳама мардуми кишвари мо хеле нороҳату ранҷур гардидаанд, ки чунин бозтоби яктарафаи масъала, баҳогузорию назаргузории ғайри қобили қабул боиси садсолаҳо идома ёфтани ҷангу хушунат дар давлати Афғонистон мегардад.

Мардуми Тоҷикистон  новобаста аз ҷабру тангназарӣ ва тақсими марзҳои маъмурӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳаққу ҳуқуқи  дастгирии ҳамзабонони худро, ки шумораи муайянро дар давлати Афғонистон ташкил медиҳад, дорад ва нисбати имрӯзу ояндаи онҳо бетарафу бетафовут нест. Фаромӯшӣ ва беэҳтиётӣ ба ҳаёти имрӯзу ояндаи онҳо боис ба доғи таърихӣ хоҳад  шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ироа доштаанд, Тоҷикистон ба умури дохилии давлати ҳамсоя дахолат намекунад, вале нисбати мақому манзалат ва  зиндагии шоистаи ҳамзабонон дар ин масир бетаваҷҷуҳ нест. Ҳама фарзандони баору номӯси Ватан бобати тақвияти  арзишҳои  давлатдорӣ, ҳифозат аз шаъну шарафи миллату ҳамзабонон ва оромию осоиштагии мамлакат ҳамеша  омодаи амалем ва инро қарзи шаҳрвандию  сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ медонем.

М. Машарипова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд