Аз он соле, ки худро дар ёд дорам, кишвари ба мо дӯсти  Афғонистон майдони ​ ҷангу ҳарб аст. Муҷоҳидон, толибон, ДИИЛ (ИГИЛ) ва боз толибон. Ҳамаи онҳо мехостанд аз Афғонистон давлати Исломӣ бисозанд, дар ҳоле, ки​ худ давлати исломӣ ҳаст. Мардум ҳама мусулмонанд, новобаста аз қаму нажод, тоҷик, узбек, пашту, туркман ва ҳазорҳо… Маълум, ки ҳамаи ваъдаҳои Толибон, ки имрӯз сари қудрат омадаанд, дуруғи маҳз аст.

Ин нафарон ниятҳои аслии худро зери давлати исломӣ паноҳ медорад.​ Пулу молу сарват мехоҳанд. Болои дигарон ҳукмфармо будан мехоҳанд. Ва яроқу аслиҳа, нашъаҷалобӣ ин аст ба роҳи расидан ба мақсадҳои нопоки худ.

Боз оне, ки қасам хӯрд, нафъи халқи худро аз нафъи худ боло медонад, боварии мардуми афғонро поймол карду худ фирор кард. Ҳаққӣ мардумро дуздид. Он хуне, ки рехта истодааст дар гардани ӯ ва ҳаммаслакони ӯст, моликияти давлату мардумро ба яғмо бурданду, фирор карданд. ​ Президенти Ҷумҳурии Афғонистон бо роҳбарони ба худ наздик ба мардумонаш хиёнат кард. ​ Дар ин чанд соле, ки каму беш дар Афғонистон оромӣ буд, ӯ метавонист давлатро рӯ ба тараққӣ овараду гурӯҳҳои қавмии​ ба якдигар мухолифро ба ҳам оварад, лоақал кушиш намояд, ки барои беҳбудӣ ва нафъи халқ хизмат намояд. Чанде аз коршиносон бар ақидаи онанд, ки он сиёсатеро​ Ашраф Ғанӣ пешгирифта буд, ба ҳамин ҳолат оварда расонд ва ин ақидаҳо тасдиқи худро низ дарёфт.

Ин ҳолатро мушоҳида мекунаму шукрона аз он мегӯям, ки бар тақдири халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам​ Эмомалӣ Раҳмон будааст. Халқи тоҷикро аз чоҳи даҳшату ҷангу хунрезиҳо, парокандагиву парешонҳолӣ, гуруснагиву бурҳони вазнини иқтисодӣ раҳо кард.

Бори дигар шукрона, садҳо бори дигар шукрона мекунам. Шукронаи ин сарзамин! Шукронаи Пешвои муаззами миллат!

Маҳбуба Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд