Дар як навори видеоӣ шоҳиди баҳси вакили парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон Адахон Мадумаров бо роҳбари Кумитаи амнияти давлатии ин кишвар Қамчибек Ташиев гардидам, ки ин вакили мардумӣ аз ин пеш ҳам аз корбарии Қамчибек  Ташиев комлан розӣ набуд. Ин навбат низ Мадумаров иқрор шуд, ки ҷангро бо Тоҷикистон ҷониби ҳамсоякишвар не, балки мо қирғизон бо супориши бевоситаи Камчибек Ташиев оғоз кардем ва боз шарм надошта эълон мекунем, ки тоҷикон ҷангро шуруъ карданд. Бале ин ҳақиқат аст, ки худи сокинони наздмарзии ҷониби Қирғзистон дар суҳбатҳо иқрор шудаанд. Агар ин овозаҳо ҳақиқат намедошт, ҳамаи сокинони наздимарзии Қирзистон пеш аз шурӯи низоъ манзилҳояшонро тарк намекарданд. Ин мо мардуми соддадил, бекинву беғаш, ки ростиро пеша мекунем, ба ҳамаи гуфтаи рақибон танҳо “хуб” мегӯем. Бубинед ҷанг барои ҳар ду тараф чи қадар хисороти калони ҷониву моддӣ расонд. Аз  н амал кӣ суд дид? Танҳо ашки модарону хоҳарон рехту садҳо хонадон аз ҳар ду тараф мусибатзада шуд. Оташи кинаву адоват, бадниятӣ боз аланга гирифт. Ҳар як пайвандоне, ки ба сараш мусибат меояд, ба саркардагони ҷанг лаънат мехонад.

Аммо аламовар он аст, ки роҳбарони ҳамсоякишвар инро ба хубӣ дарк намекунанд. Нутқи “пурмӯҳтаво”-и роҳбари давлати Қирғизистон  ҷаноби Содир Ҷаппаров дар ҷаласаи навбатии Созмони Миллали Муттаҳид хеле бепоя, бесамар ва ангезандаи кинаву адоват байни ду миллати дуст гардид. Магар мешавад беисбот гӯи ки ҷангро Тоҷикистон шурӯъ намуд ва он миллат таҷовузкор аст. Ин баҳодиҳии як нафар лидери миллат метавонад садҳо аҳдро шиканад. Мо- тоҷикон дар ягон давру замон бе сабаб ба сари ягон миллат ханҷар набардоштем, балки то метавоема дар фазои ҳусни ҳамҷавори зиндагӣ мекунем. Миллати Қирғиз дар масири таърихи начандон дури худ бисёр чизҳоро аз мо омӯха аст, ки инро шоирону нависандагони қирғиз борҳо дар эҷоду гуфторашон тасдиқ кардаанд. 

Навиштаҳоро бо як байти шоири ворухӣ Назрулоҳҳи Азизиён  ки гуфтааст:

Чӣ даъвии асолат мезанӣ, эй хонаат бар дӯш,

Туро мо мечаронидем, ту гову ҳам хари моро.

Абдусабур Абдуваҳобов