Вобаста ба пешгирии хатарҳои имрӯза, ки ба ҷони садҳо мардуми сайёра таҳдид намудаву ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда истодааст, яъне суръат гирифтани амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварҳои олам, бахусус амалҳои экстремистиву террористӣ дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ, ки башариятро ба ташвиш оварданд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои динию мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Имрўз тезу тунд гардидани авзои сиёсии ҷаҳон, яъне хатари экстремизму терроризм, ки ҷони миллионҳо нафарро аз байн бурдаву ҳазорҳо нафар сокинони кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро дур аз Ватанашон намуда истодааст, моро водор месозад, ки бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тафриқаангез, бахусус, падару модарон, фаъолон, омӯзгорон, шахсони рӯзгордида, зиёиён саҳмгузор бошем.

Имрўзҳо паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва иртиҷоӣ дар байни қишрҳои ҷомеа, ба хусус ҷавонону наврасон аз ҷониби гурӯҳҳои мутаассиб, ҷудоихоҳ ва тафриқаангез бо мақсади заиф намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расида истодаанд. Ин аст, ки қисме аз ҷавонону наврасон бо таъсири унсурҳои ифротии хатарзо дар доираи эътиқоди динӣ асосан бо таъсиррасонии муҳити зист маҳз дар сатҳи авлод, кӯча, мактаб, деҳа, ҷамоат ва ноҳия майл пайдо карда баъдан ҳадафи асосии мубалиғони ташкилотҳои террористию экстремистӣ  мегарданд.

Пешвои миллат ҳамзамон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоки ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштаанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромўш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ, хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои мушаххасро талаб менамояд.

Мо мардуми тоҷик ҳеҷгоҳ бояд фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шудани мардуми бетаҷриба, аз ҷумла ҷавонон маҳз ҳамин тарғиботи тундгароён, ташвиқотӣ яктарафа ва сиёсати бегонапарастии онҳо буд, ки Ватани моро ба вартаи шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд. Аз ин рӯ  ҳар як фарди солимфикр, ба хусус ҷавононро лозим аст, ки дар асоси дастуру тавсияҳои ҳамешагии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, худогоҳӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва  доштани ҳисси баланди миллиро пуштибонӣ намуда, фирефтаи сиёсати  ғаразноки бегонагон, бахусус роҳбарону аъзои Ташкилоти экстремистию  террористии собиқ «ҲНИ» ва дигар созмонҳои ба ин ташкилоти террористӣ монанд нашаванд.

Ҳамзамон дар қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, зери лавҳаи “Бешарафӣ”, ки аз ҳаёти беномусонаи як нафар аъзои Ташкилоти экстремистиву террористии собиқ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин маълумот медиҳад, бояд ҳар як сокини кишвар хулосаҳои даркорӣ бароварда, ба маводу гузоришҳое, ки имрўз дар шабакаҳои иҷимоӣ аз ҷониби ин шахси ҷудоихоҳу тафриқаангез нашр гардида истодаанд, дода нашаванд. Зеро ин қабил афрод сулҳу субот ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноором кардан мехоҳанд.

Ҳар як шахси солимфикр бояд ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки хиёнат ба миллату давлат дар ягон давру замон ва ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд.

Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд