Солҳои охир бинобар  ҳуҷумҳои ногаҳонии Қирғизистон ба маҳалҳои назди сарҳаддии  Тоҷикистон аҳолии ин қисми мамлакат доимо хавотир зиндагӣ мекунанд.  Ва рӯзҳои аз 15-ум то 17-уми сентябр  қувваҳои низомиии Қирғизистон дар маҳалҳои назди сарҳаддӣ ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа аҳолии назди марзӣ талафоти ҷонӣ доданд. Дар расонаҳои хабарӣ омадааст, ки 14 сентябр Қирғизистон  барои дастгоҳҳои бе сарнишин- байрақдорҳое ки аз Туркия гирифта буд, база ташкил кард. Президент Содир Ҷапаров пеш аз ба вохӯрии ШОС ба Самарқанд рафтан, ба ин база, ки дар наздикии сарҳад буд,  ташриф овард. Ин далели он аст, ки сарҳадвайронкунӣ тасодуфӣ набуда, аз рӯи нақша буд. Намояндагони худи Қирғизистон  ба расонаҳо навиштанд, ки шаби 15 -уми сентябр нисфи шаб  мардҳои низомипӯш бо як мошин яроқ омада, мардуми назди сарҳадро барои ҳуҷум ба ҳудуди Тоҷикистон таклиф намуда, 5000 соми пул ваъда карданд.Дар ҳолати саркашӣ ба онҳо марг таҳдид мекард. Онҳо бесарнишинҳои туркиро дар ҳудуди Тоҷикистон санҷиданд. Дар натиҷа мардум талафоти калон дод.Ин ҷангро низомиёни қирғиз босардории Қамчинбек  Ташиев сар карданд. Ӯ       раиси кумитаи амнияти Қирғизистон буда, нисбати Тоҷикистон хусумати калон дорад. Ҳаргоҳ  вазъияти дохилии мамлакат бад шавад диққати мардумро ба воқеаҳои марзӣ мекашад. Ин дастаи қаллобон боз шарм надошта, Тоҷикистонро барои сарҳадвайронкунию ҳаҷум муттаҳам мекунанд. Баъди бо намояндагони мақомоти иҷроияи вилояти Суғд ва Раиси Амнияти Миллӣ вохӯрдан ба оташбас розӣ шуданд, вале аҳдшиканона боз ҳуҷум карданд.

Рӯзи 20 – уми сентябр Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров аз минбари СММ дар ҷаласаи ассамблеяи генералӣ баромад карда, эълон кард, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳуҷум кард ва онро агрессия номид. Ӯ арз намуд, ки мо даъвои сарҳаддӣ надорем.  “Мо ба ҳуҷуми Тоҷикистон бояд ҷавоб диҳем. Мо замини дигаронро забт кардан намехоҳем ва ягон ваҷаб хоки худро ба дигарон додани ҳам нест.” Аз СММ даъват ба амал оварар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ д, ки Қирғизистон тайёр аст, тавассути миёнравии созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ бо Тоҷикистон гуфтушунид кунад.

Агар ҳамин тавр аст, чаро мувофиқаҳои байни Тоҷикистону Қирғизистонро нодида гирифтанд. Ин ҳуҷуми онҳо бори аввал нест- ку?

Аз ин рафтори онҳо бармеояд, ки онҳо шарики бозиҳои хавфноки давлатҳое ки дар Осиёи Миёна манфиатҳои геополитикӣ доранд мебошанд. Тоқати одоби ҳамсоягиро ба ҷо овардану ғами мардумро  хӯрданро низ надоранд.

Шиорашон ҳама “Ҳама сӯзаду кабоби қаландар пазад аст!” Ба ҷои ин гуна хархашаҳо ғами халқашонро хӯрунд беҳтар буд. Ин фитнаҳои сарони Қирғизистон мардуми тоҷикро ба ташвиш овардааст. Чӣ қадар аз ҷабри онҳо ҷавонҳои паҳлавони  мо ҷон нисор карданашон мумкин аст? Онҳо чунон аз ҳадди одоб гузаштанд, ки ҳатто масҷид, ки ҷойи муқаддас аст. Тирборон карда, чӣ қадар аҳолии бегуноҳро куштанд. Мардуми тоҷик ба бӯҳтони онҳо дар ҳаққи сардори давлат, тартиботи давлатӣ дар мамлакат ягон шикоят  надорад. Давлатро дастгирӣ мекунад.

Баҳои воқеъбинона ба ин қазия аз тарафи  вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дода шудааст. Созмонҳои байналмиллалиро мо ҳам даъват менамоем, ки ба ин масъала  объективона муносибат карда, бо назардошти манфиати тарафҳо муносибат кунанд. Марзу буми фарзандони шуҷои Ватан ҳифз карданду боз хоҳанд кард. Ин бофтаҳои бардурӯғи Қирғизистон ошкор хоҳад шуд!

Муътабар Ғозиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд