Ҳунарҳои мардумӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад.  Новобаста аз он, ки имрўзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро бо иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалтӣ Раҳмон баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат гузошта истодаем.   Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқиятҳо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халқамонро дар соҳаи анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем. Омўхтан ва эҳё намудани ҳунарҳои бадеӣ имконият медиҳанд, муайян намоем, ки то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрўзаи мо ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум,   ривоятҳо, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо чӣ робитае доранд. 

 Дар доираи рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо иқдоми кафедраи технологияи санаоати сабук ва нассоҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” доир карда шуд. Дар озмун донишҷӯёни факултети муҳандисӣ – технологӣ маҳсули дастони хешро амсоли қӯроқдӯзӣ, зардӯзӣ, ироқидӯзӣ, кашидадӯзӣ ба маъраз гузошта, ҳамчунин дӯхти либоси миллӣ, аврупоиро пешкаши ҳозирин намуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории озмун ба тариқи анъанавӣ ҳар сол бо иқдоми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода сурат гирифта, беҳтаринҳо бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида мешаванд.