Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият, муттасил бо хатарҳои ифротию террористӣ рў ба рўст ва бо он муваффақиятона мубориза мебарад. Ибтидои қарни XXI дар ҳудуди Аврупо ва Осиё якқатор амалҳои террористии даҳшатнок гузаронида шуданд, ки боиси марги одамони бегуноҳ гашта. Амалҳои террористии Лондону Париж, нимҷазираи Синай ба қатори мудҳиштарин амалҳои террористӣ дохил мешаванд, ки ба авзои бехатарии тамоми кишварҳо таъсир расонидааст.

Тамоми амалҳои террористии бо ташкил ва роҳбарии гурўҳи ифротӣ ва террористии «ДИИШ» аз Сурия ва Ироқ роҳандозӣ шуда буданд. Боиси ёдоварист, ки як қатор шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон низ фирефтаи гурўҳи ифротию террористии «ДИИШ» шуда, баъди ҳамроҳшавӣ барои ғояҳои дурўғу бофтаи ин ҳаракати террористӣ ҷонҳои худро аз даст додаанд. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирию мубориза бо терроризм чораҳои гуногуни иҷтимоиву – иқтисодӣва сиёсиро роҳандозӣ мекунад.

Таҳлилҳои иттилооти далели он аст, ки синни миёнаи аъзоёни гурўҳҳои экстремистию террористӣто 30 сола мебошад. Ба ақидаи муҳаққиқон, маҳз ҷавонон объекти тарғиботу ташвиқоти гурўҳҳои экстремистию террористӣқарор мегиранд, чунки ҷаҳонбинии илмию дунявии онҳо ташаккул наёфта, таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд. Ҷавонон бо сабаби камтаҷрибагию номуккамал будани дониши илмию дунявиашон дар муқобил бар зидди ин тарғиботҳо хеле оҷиз мебошанд.

Гурўҳҳои экстремистӣ– террористие, ки дар Тоҷикистон амал менамоянд, барои ҷалбкунии ҷавонони мо ба сафи худ аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода менамоянд.

Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бо идеологияи экстремистӣ ва шаклҳои гуногуни терроризм диққати махсус дода, барои амали шудани чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ воситаҳои пулию молии зарурӣ ҷудоменамояд.

Дар баробари бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон зарур аст, ки корҳо дар самти пешгирии заминаҳои ташаккулёбии шуури экстремистӣ пурқувват карда шавад. Мактаб ва Донишгоҳ яке аз Институтҳо ва воситаи муҳими тарбия ва иҷтимоишавии ҷавонон мебошад ва пешгирии шуури экстремистӣ бояд, ки аз мактаб оғоз гардад.

Ҳар яки мо дар баробари мақомотҳои давлатӣ вазифадор ҳастем, ки дар масъалаи ҳимояи фазои иттилоотӣ ва вазъияти динии ҷомеа нақши худро гўзорем. Шабакаҳои иттилоотии давлатӣ, вилоятӣ ва мақомотҳои ноҳиявӣ, барои пешгирии экстремизм ва терроризм самаранок ва мақсаднок истифода карда шаванд ва ба ин восита муҳити иттилоотии ҷомеа солим гардонида шавад.

Ҷавонон бояд дин, мазҳаб ва низоми илмҳои диншиносиро нағз омўзанд, то ки фирефтаи тарғибчиёни гурўҳҳои экстремистӣ нашаванд.

Аз ин хотир, мо, волидайн омӯзгорон, бояд дар сиришти ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсиро ташаккул диҳем.

Ҷавонони банангу номус, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд, мебояд дастовардҳои дар тӯли чоряк аср бадастовардаи кишвар, Ватану миллати хешро аз ихтилофангезиву дасисабозиҳои душманони миллат ҳифз намоянд.

Мо - аҳли ҷомеа қувваи бузургем, дӯстдори Ватану миллати хеш ҳастем, намегузорем, ки ТТЭ ҲНИ бо дасисабозиҳои худ мардумро фирефтаи худ кунанд.

Ба ҷавонон гуфтаниям, ки фардои дурахшони ин Ватани маҳбуб дар дасти шумост, зиракиро аз даст надихед!

Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд