Ҳамкории самарабахши аҳолӣ бо мақомоти давлатӣ яке аз шартхои таъмини амнияти ҷамъиятӣ мебошад. Афзоиши терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари зуҳуроти фаъолияти он дар тамоми ҷаҳон давом дорад.

Терроризм ҳадафи ноором кардани субот, дигаргуниҳои хушунатомезӣ, тарсонданн аҳолӣ, муомилоти яроқу аслиҳа, ба вучуд овардани шабакаҳои байналхалқии ҷиноятӣ ва ғайра амалҳои номатлубро  пайгирӣ мекунад. Аз ин бармеояд, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне аҳолӣ умуман манфиатдор аст.

Терроризм як масъалаи бисёрҷанба буда, ҳамкории ҷомеа ва давлат яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм мебошад.  Дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории байни ҳукумат ва ҷомеа ба терроризм самаранок мубориза бурдан мумкин аст. Дар ҳоли ҳозир, бидуни ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бе такмили воситаи ахбори омма ва бе иштироки ташкилотҳои чамъиятӣ  бо терроризму ифротгароӣ муборизаи муассир бурдан ғайриимкон аст.

Пеш аз ҳама ба ифротгароии иттилоотӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, таваҷҷуҳи махсус бояд дод. Чи хеле ки маълум аст, дар фазои шабака ҳукумат ҳама гуна маълумотро назорат  карда наметавонад, бинобар ин, ин муҳит аз ҳама бештар барои паҳншавии ифротгароӣ мусоид мекунад.

Агар ифротгароӣ дар ҷузъи идеологӣ ба муқобила дучор нашавад, пас дар минбаъд онро гурӯҳҳои муайяне истифода бурда, ба мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё дигар мақсадҳои ҷинояткоронаи худ мерасанд.

Мақомот ва ҷомеа бояд барои мубориза бо терроризми иттилоотӣ ва ифротгароӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, зеро дар муҳити интернет назорати давлатӣ вуҷуд надорад.

Масъалаҳои паҳншавии ифротгароӣ ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар ҶТ яке аз омилҳои асосие мебошад, ки ба якпорчагии давлат тахдид карда, боиси афзоиши ноустувории чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷа мегардад. Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, тафтиши ҷиноятҳои характери террористӣ дошта, пурзур намудани мубодилаи таъҷилии ахбороти байни органҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ дар бораи шахсон, алоқаҳо ва гуруҳҳои террористонро пурзӯр кардан лозим аст.

Ҳамин тавр, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ ва маданияти шаҳрвандӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди масъул мебошад, ки метавонад фикру мулоҳиза ва хулоса барорад.

Қосимова М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд