Либоси миллӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва тамаддуни гузаштагони мо буда,  давоми асрҳо зебогию фасоҳати  худро бой надода, баръакс бо мурури замон такмил меёбад. Аз қадимулайём маълум аст, ки тоҷикон дар ақсои  олам ҳамчун миллати дорандаи таъриху тамаддуни бузург на танҳо бо шоирону бузургони худ, балки бо шаҳрдорию офариниши матоҳои абрешим, атласи оламшумул шӯҳратёр гаштаанд. Боиси ифтихори миллӣ аст, ки  бо шарофати Пешвои муаззами тоҷикон, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида,  либоси миллии тоҷикон рушду нумуъ меёбад.

Аз давраҳои куҳан ҳам маълум аст, ки шоҳону амирон ҳам барои сарлашкарону ҳомиён беҳтарин худ, ҳамчун нишонаи иззату икром матоҳои зарбофти атласу адрасро тақдим мекарданд. Имрӯзҳо ҳам аз сарчашмаҳои интернетиву оинаи нилгун намоишҳои мудро тамошо намуда, дарк менамоем, ки тарроҳону дӯзандагон на танҳо куртаҳоро бо услуби тоҷикона, инчунин анвои гуногуни либоси миллиро бо тобиши аврупоӣ дӯхта, миқдори зиёди услубҳои либосҳоро пешниҳод намуда истодаанд, ки симои духтарони тоҷикро оро дода, диққати сайёҳону меҳмононро ба маданияти фарҳанги миллати мо  боз  ҳам зиёдтар намудааст.

Аз қадим занону духтарони тоҷик оину анъанаҳои миллиро ҳамчун як муқаддасот посдорӣ менамуданд, аз он ҷумла либоси миллиро низ як рукни арзандаи фарҳанги миллӣ дониста, онро ҳифз менамуданд, онро аз омезишҳо ва тақлидкориҳо эмин нигоҳ дошта, аз қарнҳои қарн ба имрӯзина ҷавонон мерос гузоштанд. Бинобар ин ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои Рашт, шоҳину алочиву Ҳисор, куртаву тоқиҳои Бадахшон арзишу муҳимияти худро гум накардаанд. Пас, моро низ мебояд, ки як ҷузъи таърихи куҳанбунёди аҷдодони худро – либоси миллиро бе ягон тағйироту иловаҳо, бе ягон тақлидкориҳо, омезишҳо ҳамчун мероси арзишманд ҳифз карда, онро ба наслҳои оянда мерос гузорем. Худ бо пӯшидану муаррифӣ намудани атласу адрасҳо барои кӯдакону наврасон намуна бошем, арзишу гаронии онро ба онҳо низ фаҳмонида, тавонем, ки онҳо низ бо пӯшидану тарғиботи либоси  зебои атлас бо садою нағмаҳои кӯдаконаи худ ба мо ҳамнаво бошанд. Аз хурдӣ онҳоро омӯзонем, ки пӯшидани либоси миллӣ, пос доштани фарҳанги пурғановати ниёгон низ нишонаи ватандорист. Шахсе, ки Модар, Ватан, шаъну шараф, посдории тамаддуни гузаштаро ҳифз мекунад, сифати инсонии худро гум накардааст.

Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони имрӯза бешуурона, бехабар  аз арзишу зебоии либоси миллӣ, тақлидкорона ба фарҳангҳои бегона, бо пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи часпида, шаффофи тобанда, доманаҳои кӯтоҳ рӯ оварда, хавфи коҳиши фарҳанги миллиро ба миён овардаанд.  Ё баръакс бо пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ, ки дур аз фарҳанги мост мехоҳанд афкори ҷомеаро ба таассубу ҷоҳилият бубаранд.   Бубинед, ки бо чӣ қадар душворӣ занону бонувони тоҷик аз қадим либоси миллиро то имрӯз бе ягон тағйирот ба мо мерос гузоштаанд, пас чаро имрӯза ҷавонон ба бегонапарастӣ, тақлидкорӣ даст мезананд?

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Ҳақиқатан баъзе волидайн ба масъалаи тарбияи фарзанд, тарзи либоспӯшии ӯ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ки фарзандон ғофил аз фарҳанги миллӣ ба ғарбу шарқ тақлид мекунанд.

Хулоса, ҳар як волидайн ба тарзи либоспӯшӣ, ба рафтору кирдори фарзанди худ аҳамияти ҷиддӣ дода, посдории либоси миллиро ба фарзанди худ фаҳмонанд. Ҷавононро месазад,ки меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба наслҳои оянда супоранд.   

Саидхучаева Дилафруз Муталибовна, устоди кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд