Тақсимоти байнисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон аз масоили мубрамест, ки боиси ҷангу муноқишаҳои ин ду миллат гардидааст. Баъди вазъияти муташшаниҷи моҳи сентябр таърихи 25 сентябр шартномаи мувофиқа оид ба оромии ин ду кишвар баста шуд, аммо мушоҳида мегардад, ки ин шартнома аз ҷониби аксари хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон вайрон шуда истодааст. Дар наздикии деҳаи Ворухи Исфара, Овчи-Қалъача ва ғайра гузоштани ҷойи дидбонӣ, фаровардани мошинҳои зиреҳпӯшу кофтани хандақҳо шаҳодати хусумати онҳост. Мо, миллати тоҷик боре ҳам беҳуда ба кишвари бегона ҳуҷум наовардаем, инро таърих исбот кардааст. Бинобар ин дафъа низ Тоҷикистон шартномаро риоя намуда, роҳи мусолаҳаро пеш гирифтааст. Сиёҳандешони қирғиз бояд донанд, ки мард  қавли додаашро иҷро мекунад. Мардона бояд зист, мунсифона бояд кор кард, шарафмандона ин дунёро барои ворисон гузошт. Шумоён моҷароҷӯёни қирғиз чиро баъди худ ба мерос мегузоред? Инро андеша намоед. Ваҳдату дӯстии ин ду миллатро рахна набояд кард.

Мо барои васл кардан омадем,

Не барои фасл кардан омадем.

 

Файзиева Ш.