Вазъи имрӯза дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, ки гирифтори гирдоби ҷанг шудаанд, бори дигар қимати соҳибистиқлолии Ватан, арзиши сулҳу оромӣ, осмони софу беғубор дар кишварамонро бароямон даҳчанд афзун гардонид.

Сулҳу ваҳдат барои мо тоҷикон бо мушкилоти зиёде муяссар гардид ва он қабл аз ҳама натиҷаи талошҳои пайгирона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии миллат, пойдории сулҳу суботи кишвар, рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз вазифҳои муҳим ва калидии сокинон бахусус ҷавонон ба шумор меравад. Аммо мутаассифона бархе аз нотавонбинон ба қадри ин арзишу муқаддасоти миллӣ, ки барои ноил шуданаш ҳазорон нафар ҷони худро аз даст додаанд нарасида, ба осоиштагии халқу амнияти кишвар халал ворид мекунанд.

Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат чунин қайд намуда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд». Ҳарчанд миллати мо тӯли ҳазорсолаҳо ба парокандагию сарсониҳо рӯ ба рӯ шуд, вале боз ба ваҳдату сулҳу осоиштагӣ ноил шуд, ки инро нишонаи пос доштани арзишҳои созандагӣ медонем. Ҳама хуб дар ёд дорем ва шоҳиди онем, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ чӣ тавр гурӯҳҳои ифротгаро, тундгаро ва бадхоҳони миллат кишвари азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мусаллаҳона табдил доданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки ба вуқӯъ пайваст, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафарони бегуноҳ гашт. Хушбахтона имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хотимаи ҳамаи ин амалҳои тундгароиву ифротгароӣ гашта, ба дили ҳар як фарди кишвар умед ба ояндаи орому дурахшонро бедор намуд. Имрӯз сулҳу ваҳдати кишвари азизамон намуна барои дигар давлатҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва орзуи як қатор қавму миллатҳо мебошад.

Сулҳу ваҳдат яке аз арзишҳои муқаддастарини башарӣ буда, осоиштагиву озодӣ, якдигарфаҳмӣ ва бақоми миллатро дар давлат ва сайёра таъмин мекунанд. Хушбахтона ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо ба қадри ин неъмати ноёб чун сулҳу ваҳдат мерасад ва барои аз даст надодани он ҳаматарафа кӯшиш менамояд.

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд