Ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилӣ  ба инкишофи ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ мусоидат менамояд, то бемайлон рушд намоянд. Хотима гузоштан ба ҷанги бемаънии бародаркӯш дар кишвар, ки солхои 1992-1997 ба вуқуъ пайваст ва бахшидани якдигар гурӯҳҳои ба ҳам сангар гирифта, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва оғоз намудани татбиқи аввалин стратегияҳои миллӣ, ки мардум ба он бештар эҳтиёҷ дошт, аз мақсадҳои мубрами Ваҳдати Миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ваҳдати миллии мо миёни ихтилофҳои дохилию хориҷии кишварҳои чаҳон назир надорад. Муваффақ гардидан ба он низ барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сахлу содда набуд. Ташкили даҳҳо гуфтушуниду ҳамоишҳо бо гурӯҳҳои мухолифин, ки аз ҷониби кишварҳои хавасманди хориҷӣ дастгирии моддию маънавӣ мешуданд, дар минтақаҳои мураккабу хатарзо (Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон) давоми солҳои 1993-1997 марҳила ба марҳила ниёзҳои ҷониби мухолифро тавонист ба ҳам наздик ва ниҳояти кор ба Оштии миллӣ оварда расонад.

Боиси хушнудист, ки ин марҳилаҳои пурпечутобро сабру шикебоӣ ва таҳаммулу гузаштҳо миёни ҳам муваффақ намуд. Имрӯз ин дастоварди муқаддас, ки калиди ҳамаи пешрафтҳои Ҷумҳурии азизамон-Тоҷикистон мебошад, дарсе гардид барои таваҷҷӯҳ ва омӯзиши кишварҳое, ки дар онҳо ихтилофҳои сиёсӣ чараён доранд.

Вазифаи мо, хар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз он иборат мебошад, ки ин гавҳари ноёб-Ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар пешрафти гулгулшукуфии Ватанамон, ки дар пешорӯи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии худ қадамҳои устуворро мегузорад, дастгирӣ намоем.

Юсуфов Ф.Ғ., устоди кафедраи меъмории ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд