Баъд аз пошхурдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Тоҷикистон танҳо дар роҳи мустаҳакам намудани бунёди давлати соҳибистиқлол шуруъ намуд. Ва барои побарҷо ва рушди он аз тамоми нерӯву имконот истифода бурд. Бояд гуфт, ки тамоми мушкилиҳои пешомадаро фарзандони баору номуси кишварамон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат паси сар намуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ милионҳо нафарро бе хонумон сохт ва ҳазорон куштаро аз худ боқӣ гузошт. Ин ҳама нооромиҳоро сабабгор ташкилоти экстремистии ба номи ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ аст,  ки роҳбариашро Саид Абдуллоҳи Нурӣ бар дӯш дошт.

 Сарвари хирадпешаи миллати тоҷик солҳои 1992-1997 барои ба даст овардани ин оромӣ, ки номаш ваҳдат аст дар тамоми музокиротҳои гурӯҳи мухоифини тоҷик ширкат варзида ваҳдатсаро ва садоқати хешро  бо сухану амалашон исбот намуданд. Маҳз бо талошу корномаҳои ин фарзонафарзанд санаи 27 –июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣро ба имзо расониданд, ки ин амал дар таърихи ҷаҳони бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардид. Ҳамасола мо онро ҳамчун иди покию нишот ва сарҷамъии миллат ҷашн мегирем ва шукронаи давлати соҳибистиқлол ва ваҳдатсарои худ менамоем.   

Инак 25- сол мешавад,  ки мо дар фазои сулҳу субот ва оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем, бояд ба қадри ин дастоварди бузург бирасем ва нагузорем, ки гурӯҳи бадхоҳони миллати тоҷик  ҳар гуна ғаразҳои нопокашро вориди ин ҷомеаи сулҳофарини мо ворид намояд. Имрӯзҳо ҳар яки мо воқиф ҳастем, ки дар ҷаҳон кадом амалҳо рух дода истодааст, аз ҳамин мо бояд худлосаи даркори барорем ва барои якпорчагии миллати хеш нерӯву тавоноии худро равона созем. Нагузорем, ки бадхоҳони миллати тоҷик ба монанди Алим Шерзамон, Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони онҳо андешаҳои нопоки хешро вориди ҷамъияти солим ва ваҳдатсарои мо созанд. Зеро мақсади ниҳоии онҳо танҳо як чиз аст - Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанг кашида, дубора мардумро бехонаву дар кардан аст.

 Бинобар ин аз ҷавонон талаб карда мешавад, ки маданият ва фарҳанги истифодаи шабакаи иҷтимоиро омӯзанд ва фирефтаи ин гуна шағолсифатон нагарданд. Доим далер ва ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд.

Норов Исматулло, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд