Мо ҳама тоҷикему аз нажоди ороиёиҳо ҳастем ва оини давлатдориамон танҳо озодию мустақилиро интихоб кардан аст. Пас имрӯз дурахшонии ояндаи миллати тоҷик дар дасти мо ҷавонон аст, зеро ягона меросбару соҳибони аслии ин Ватан мо тоҷикони асли тоҷдорем. Мо албатта аз тоҷику тоҷикистони будани худ ифтихор дорем, меболем, ки кишвари азизамон, имрӯз ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мубаддал гаштааст.

Ҳамаи ин пирӯзиҳоро мо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардидаем. Бояд ҳамаи мо пайрави сарвари давлатамон бошем. Давлати ободу озоди мо Тоҷикистон ҳамон вақт пояҳои устувории худро боз ҳам мустаҳкамтар месозад, ки агар мо иттиҳоду якдилу якмаром бошем. Хизмати шоистаи фарзандиамонро дар ҳаққаш сарбаландона адо намуда, барои эъмори давлати мутамаддин асос гузорем.

         Дар ҳақиқат дар заминаи андешаҳои созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи халқи тоҷик пешниҳод мекардам, ки мо ҳама ворисони арзандаи Сомонии асосгузории давлати бузургу, Эмомали Раҳмонӣ ваҳдатофар бошем. Мо тоҷикони тоҷвару номдор ба номи тоҷикӣ ҳастем.

Ҳамин тариқ, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллиамон ҳамаи мо бояд сарбаландонаи ба сӯи ояндаи умедбахш қадамзада, сарбаландона дар ҳаққи Ватани маҳбубу дилороямон хизмати софдилона карда бошем.

Тамоми мардуми саодатманди диёрамон хело хуб медонанд, ки зиндагии шоистаи мардумон боиси пайваста нусрат ёфтани халқи азизамон хоҳад шуд. Бале халқе, ки гузаштаи худро эҳтирому барояш таҷрибаи давлатдори кардааст, дар нимароҳ намемонад. Албатта ҳамаи моро маҳз ҳамон ҷанги бародаркуш дарси ибрат гардида, моро водор месозад, ки барои несту нобуд сохтани қувваи душманони Тоҷикистон бетараф набошем. Дарк кунем, ки асоси давлати пойдорро ҷомаи солиму шаҳрвандони ватандӯстдор ташкил медиҳад. Ва маҳз ба ҳамин хотир рисолату асолати хешро дар ҳаққи Ватан эҳсос карда, пешрафту тараққиёти онро вазифаи асосии худ шуморем.

Тоҷикистон марзи мардумони ваҳдатшиор аст. Бале ин мардум боре аз дасти бадхоҳон сахт азият кашидааст ва дуббора намехоҳад, ки мубталои чунин нобасомониҳо гардида, вазъи сиёсии миллатамонро табоҳ созанд. Бе ин ҳам ҳама мардумони тоҷик хеле хуб дарк мекуннанд, ки саодату пешравии миллати моро маҳз ҳамон нобасомониҳои садаи сипаришуда, рахна зада буд. Ҳарчанд, ки мо ва мардумони сулҳпарвару сулҳхоҳӣ мо он талафотҳоро ба муддати начандон тулонӣ бартараф карда бошанд ҳам, аммо ҳолати равонӣ ва дарди дили бархе азиятдидагон то кунун месӯзаду месӯзад.

          Барои зебогии зиндагӣ ва ояндаи дурахшони ворисони миллат бетараф будан худ бадбахтии калон аст. Пас биёед дар якҷоягӣ бо эҳсоси масъулияти воло ба хотири равнақ бахшидани ҳаракти Ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳмгузор бошем, зеро ин омил яке аз воситаҳои асосии пирӯзии мардумони кишвар аст.

Шаҳноза Рустамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд