Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҳои амалӣ андешида мешавад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри оммавигардонии варзиш дар байни донишҷӯён бо ибтикори директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода толорҳои варзишӣ бо лавозимоти варзишӣ таъмин карда шуда, дар ду толори варзишии донишкада ва майдончаи футболи назди хобгоҳ, мунтазам машқҳои варзишӣ, мусобиқаҳои донишкадавӣ баргузор мегардад.

Санаи 11 октябри соли ҷорӣ бо мақсад тарғиби ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати варзишии духтарон дар толори варзишии донишкада байни донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда бозии волейбол сурат гирифт. Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа равнақ додани муттаҳидию дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, рушду инкишоф ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, беҳдошти саломатии онҳо маҳсуб меёбад.

Ташаббусҳои роҳбарияти донишкада оид ба пеш бурдани тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш донишҷӯёнро рӯҳбаланд гардонида, боиси афзудани дастовардҳо, ширкати фаъолона дар спартакиадаҳои вилоятиву ҷумҳурӣ мегардад.