«Мо дар куҷое набошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат накашем, бояд лаҳзае фаромӯш насозем, ки мо тоҷикем ва як сарзамин, як Ватан, як забон, як давлат ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.»
Эмомалӣ Раҳмон

        Фалсафи зиндагӣ чунин аст, ки ҳар  инсон бо баробари ба дунё омадан дар рӯи замин барои худ нақшеро касб мекунад, ки чи гуна бозидани он аз идроки комилу дарки дурусти ӯ вобастагӣ дорад. Васфи Ватанро бо сухан гуфта ба охир расонидан номумкин аст. Чунки меҳри Ватан бе аввалу бе охир аст. Аз он замоне, ки инсоният худро шинохт ӯ аввал меҳри зодгоҳу муҳаббати Ватанро шинохт.

         Эй Ватан эй ҳадяи бе миннати Яздони пок,

         Ман ба домони намозият ибодат мекунам.


           Шоирону олимони гузаштаи миллати тоҷик дар ашъору асарҳои худ меҳру муҳаббати Ватан, хоки Ватан ва обу гили онро чунин самимона тасвиру васф кардаанд, ки баҳо надоранд. То имрӯз бо баробари хондани онҳо ҳар як хонандаю шунаванда ба ваҷҳ меояд ва кас бо як ҳисси алам аз рӯзгори онҳо ёдовар мешавад, ки меҳри Ватану пазмонии хоки диёр чи қадар таъсирбахш будааст.

 Оре, дуруст гуфтаам, ки

Ман қаноат мекунам бо пораи нон

Дар баландии Бадахшон ,

 Дар сукути кӯҳҳои сар бо осмон,

 Дар лаби дарёи зебои Зарафшон.

                           Тоҷикистон хонаи умеди  ман,

                            Ишқи ман, армони ман, имони ман.

                            Офтоби умри ман фардои ман

                              Тоҷикистон  Модари зебои ман
         Ватан ин амнтарин макон барои ҳар як инсон дар рӯи замин аст. Барои ҳамин Ватанро модар мегӯянд. Зеро чун оғӯши модар гарму амон аст, ки тамоми дунё арзишашро надорад. Ватан азиз модар азиз, чунки ҳарду барои фарзандон арзи ҳастӣ мекунанду фарзандон бо онҳо зиндаанд.

 

          Эй Ватан эй ҳадяи бе миннати Яздони пок,

         Ман ба домони намозият ибодат мекунам.

 

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. 

                      (Модаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) 

        Ватан муқаддастарин вожае аст, ки  вақте инсон ба забон мегирад камлимаи Модар пеши назар падид меояд.. Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост.

       Ватан  дар сарнавишти инсон ва расидан ба орзуҳои нек нақши бориз дорад, зеро  агар Ватан озоду обод набошад ҳеҷ шаҳрвандаш  зиндагии хуб дошта наметавонад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».

 Ҷавононро мебояд, ки   аз мактаби наслҳои калонсол, сабақи ватандорию бунёдкориҳо омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини  мо   ҷавонон бошад.

         Халқи тоҷик аз шумораи он халқиятҳое ҳаст, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳасти он ҷонисорӣ мекунад. Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тулии ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо душманони миллат  ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.

 

    Имрӯз  хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.

             Дар роҳи расидан ба ин сарзамини аҷдоди ҳазорон нафар шаҳидгаштаву ҳазорони дигар бедарак шудаанд. Соаташ расидааст, ки мо ҷавонони саодатманду хушиқболи ватанро зарураст ин биҳишти заминиро соҳиби кунем ва нагузорем, ки аҷнабие  ба рӯи оинаи миллати мо санге занад.

Муҳайё Тошматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

.