Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодати  он аст, ки  экстремизи ва терроризм, чун дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ва иҷтимоӣ доранд.Аз ин рӯ, пешгирии экстремизм ва терроризм аз омода ва амалигардонии  маҷмӯи воситаҳои ташкилӣ , сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, маишӣ, иттилоотӣ, тарбиявӣ, фаврӣ- ҷустуҷӯӣ, махсус ва дигар чораҳое, ки давлат ва моқомоти ваколатдори он  амалӣ сохта, ба огоҳкунӣ, муайянкунӣ, пешгирӣ, муаяйан ва бартараф намудани омилу сабабҳои мусоидаткунанда равона шудаанд, иборат мебошад.Ҳамчунин, огоҳкунӣ ва пешгирии экстремизм ва терроризм вазифаи танҳо давлат ва мақомоти он набуда, ӯҳдадории конститутсионии ҳар як узви ҷомеаи шаҳравандӣ ва сокини мамлакат аст, яъне бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ пешоҳанг бошад.Фаъолият дар ин самт набояд даврӣ, балкӣ доимӣ, пайваста ва фарогирии самтҳои ҳаёт инчунин, ба ҳамкории байниидоравӣ ва субъектҳои бар зидди ин  ҷиноятҳо муборизабаранда асос ёфта бошад. Яъне чораҳои ташкиливу амалӣ андешида шаванд, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватан-дӯстӣ, инсонпарварӣ, миллатдӯстӣ, риояи урфу анъана ва одатҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқ озодиҳои инсон дастгирии ҳамдигар, гиромидошти арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва монанди инҳо тарбия ёбанд.

Экстремизм калимаи лотинӣ буда, маънои майл доштан ва тарафдор будан ба ақидаҳои инфиродии моҷароҷӯёнаро дорад.Дар сиёсат зери мафҳуми экстремизм кӯшиши бо роҳҳои  қатъӣ радикалӣ, бо истифода аз ҳама шакли зӯроварӣ, бо ҳаросафканӣ ҳал  намудани масъалаҳо ва ноил гардидан ба мақсад фаҳмида мешавад.

     Боиси ифтихор аст,ки мо- тоҷикон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён таҷрибаи нодири бо роҳи муколама расидан ба сулҳи комилро нишон додем ва ба амалҳот террористӣ лар мамлакат хотима бахшидем .Вале баъзе аз бадхоҳони миллату давлат фаҳмидан намехоҳанд,ки танҳо кӯшишу талошҳои пайгирона сиёсати ватандӯстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси баимзорасии Созишномаи умуии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи он, барқарории сулҳу ваҳдат  дар мамлакат гардиданд. Набояд фаромӯш кард, ки омили бевоситаи бартараф гардидани содиршавии фаъолияти экстремистӣ ва амалҳои террористӣ дар кишвар барқарор намудани вазъи ороми  сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.

    Кори таълиму тарбия пеш аз ҳама, бояд дар оила ва муассисаҳои томактабӣ, ва таълимӣ баланд бардошта шавад. Мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зарур аст, ки дар самти баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чораҳои мақсаднок андешида шаванд, зеро айни ҳол баъзе падару модарон ба таълиму тарбия ниёзманданд.

    Ҳамин тавр, барои он ки пеши роҳи терроризм ва экстремизмро пурра гирифта тавонем, зарур аст, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм ва ифротгароӣ” ва “ Дар бораи мубориза бо терроризм” вазъи оромӣ ва сиёсиву иҷтимоии ҷомеа нигоҳ дошта шавад. Бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта тамоми сокинон дар дохили кишвар ба кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин гарданд.Баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳо дар кишвар таъмин, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз шаванд. Баҳри татбиқи муқаррароти Конститутсияи кишвар ҷиҳати бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озоздона барои ҳар як инсон  тамоми ҳамдиёрон дар  атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон муттаҳид бошанд.

Нусратхон Ахмедова, дотсенти кафедраи забонҳо ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ