Мо, сокинони ваҳдатшиори мамлакат аз халқиятҳои хушбахти замони муосир ҳастем, ки дар чунин як мамлакати обод ва пешрафта умр ба сар мебарем.   

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли сарварии худ ҳамеша бад-он кӯшидааст, то халқи тоҷик нахуст дар амну осоиш умр ба сар баранд ва барои иҷрои ин ҳадаф бошад, тамоми имконият ва маҳорати мулкдории худро масраф сохтааст. Омӯзиши таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки ҳеҷ давлату миллате бидуни сулҳу оромӣ ва субот ба ҳеҷ мақому мартабае ноил нагардидааст. Бо дарку фаҳми оқилонаи ин нукта сарвари давлат, муҳтарам Э. Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини давлатдории хеш мақсад гузошта буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу суботро пойдор хохад кард ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан боз нагардад, осуда нахоҳад буд.  Ҳар яки мо садои ҷонхароши барномаи «Хоки ватан»-ро, ки ҳамватанони моро аз ҳар гӯшаву канори олам ба Ватан мехонд, дар ёд дорем. Хушбахтона, тоҷикони фирорӣ дубора ба Ватан баргаштанд ва сару сомони хешро дар меҳан ёфтанд.

    Рӯй овардан ба таърихи гузашта, дастовардҳои ниёгони худро шинохтан онро чун мероси гаронмоя ҳифз доштан, дӯсту иттифоқ ва муттаҳид будан ва муҳимтар аз ҳама, фаромӯш накардани ин нукта, ки тоҷикон мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буданду мемонанд, аз маҳаки фаъолияти сарвари хирадпешаи мост. Маҳз, устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ки аз унсурҳои пойдорӣ ва бақои давлату миллат аст, моро рӯз то рӯз ба пеш мебарад. Сохтмони нақби Истиқлол, наздик шудани самти шимол ва ҷануби кишвар ва дар ин замина бо ҳам омадани мардуми тоҷик дар шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши муҳим хоҳанд дошт.  

   Имрӯз рушди тамоми соҳаҳои фаъолияту зиндагӣ дар Тоҷикистон босуръат ба пеш меравад. Агар ба як худи Хуҷандшаҳрамон бингарем, мебинем, ки сохтмони биноҳои замонавӣ сол то сол ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза меафзоянд. Ин гуна босуръат пеш рафтани сохтмонро пештар дар мамолики хориҷа дида, моро ҳаваси бунёди чунин шаҳрҳо меомад. Амалӣ гардидани ин орзуву ҳавас далолат ба он мекунад, ки имрӯз  Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин аст. Ва моро ҷои он мемонад, ки дар ҳар чӣ бештару пештар аз пешрафт ва дастовардҳои мардуми сайёра бархурдор гардидани Тоҷикистон саҳмгузор бошем, қадри ин неъмат бидонем ва шукри неъмат ба ҷой орем.

Ватани мо, ки рӯ ба нестшавӣ оварда буд, халқи тоҷик бо дили пур ба ин фарзонафарзанд бовар намуд, ки ин шахсият Ватанро аз нобудӣ раҳо мебахшад, мардумро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро аз нав месозад. Ва чихеле, ки мебинем ҳамин тавр ҳам шуд. Эътимоду боварии халқи тоҷик барбод нарафт, баръакс Эмомалӣ Раҳмон барои тинҷуву оромӣ, сулҳу суботи миллати хеш ҷони худро низ дареғ надошт.

Пас ин абармарди нексириштро чӣ гуна Пешвои худ напазирем, чӣ гуна дӯсташ надорем, чӣ гуна эҳтиромаш накунем, ҳангоми аз наздик диданаш чӣ гуна ашки чашмонро нигоҳ дорем, чигуна?

Хулоса, мо мардуми тоҷик садҳазорон шукронаи ана ҳамин марди хирадманд мекунем. Шукронаи тинҷиву оромии сарзамин мекунем ва ба ватану миллат ва сарвари худ содиқ буда, ҳамаи ин неъматҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.

 

Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд