Ватани азизу маҳбуби мо  - Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вазифаи мо он аст, ки поку бегазанд ин сарзамини аҷдодиро барои ояндагон мерос гузорем. 

         Бузургтарин хизмате, ки мо дар ин ҷода анҷом хоҳем дод, ин пеш аз ҳама дар руҳияти худшиносӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар тарбия кардани насли наврас аст. Зеро вазъи ҷаҳони муосир, қудратталабии давлатҳои абарқудрат аз ҳар як шаҳрванди бонангу ор тақозо мекунад, ки ҳушёру зирак бошад, ватанашро сидқдилона дӯст дорад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз. Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони боору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Чӣ бояд кард, то ҷавонон худ ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваст шаванд. Аввалан тарбияро аз кӯдакистон оғоз бояд кард. Пасон дар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ ҷавононро дар руҳияи далерӣ бояд тарбия намуд. Ҳангоми машқварзӣ ва обу тоби бадан корбарӣ бо аслиҳаи ҷангиро барояшон омӯзонд. Китобҳои характери ватандӯстиву ватанхоҳиро бояд талқин кард. Бо онҳое, ки нав аз хизмати ҳарбӣ омадан мулоқотҳо бояд доир кард. Онҳоро тавре бояд пешвоз гирем, ки дигарон, хоса ҷавонон ҳавас намоянд. 

Ба ҳама маълум аст, ки шумораи шахсони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи воқеии Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб зиёд мебошад ва ҳар сол танҳо 5-10 фоизи шаҳрвандони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Боқимондаи онҳо тайёрии ҳарбӣ намегузаранд ва дар ҳолати зарурӣ сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ самарабахш намебошад. Шумораи нисбатан зиёди шаҳрвандон тайёрии ҳарбиро гузаш¬та, бо ёд кардани савганди ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиётӣ ворид гарданд ва ҳангоми эълон намудани сафарбарӣ барои пуррагардонии қисму воҳид¬ҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд хубтар мешавад.

Масалан, солҳои охир дар кори даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мушкилот пайдо шудааст: ҳар сол зиёда аз 60 ҳазор ҷавонписар синфи ёздаҳро хатм мекунанд, вале барои даъвати 20 ҳазор аскар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бар дӯши Вазорати мудофиа мушкилоти сангине бор мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” имкон медиҳад, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба низом дароварда мешавад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  танзим медарорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ пайваста чораҳо меандешад. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, зимни супоридани тест дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешаванд. Инчунин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо ҷои кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Масъалаи дигар механизми омӯзиши якҷояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қисмҳои ҳарбӣ мебошад. Пешниҳод аст, ки дар қисмҳои ҳарбӣ дарси адабиёт, баробар бо дарсҳои техникӣ, ба ҷадвали дарсӣ ворид карда шавад, то ин ки ҷавонон донишро дар бораи адабиёти давраи классикию муосир ҳар чӣ бештар сайқал диҳанд ва бо эҳсоси баланди ифтихор аз кишвари маҳбуб, дӯст доштани Ватан ҳамеша омодаи хидмат дар ҳифзи Ватан бошанд. Чуноне ҳаким Фирдавсӣ фармудааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд