Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки симои манфии наҳзатиёнро аз таърихи пайдоиш то ба имрӯз ошкоро ба таври воқеӣ бо асноду далелҳои раднашаванда рӯи навор овардааст, амри вокеи ва зарурияти таърихӣ мебошад. Дар филми мазкур хусусан рафтору амалиётҳои хиёнаткоронаи ҳизби мамнуъшудаи наҳзат дар солҳои 90-ум, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сабаб гардид ба таври ҳақиқӣ бо далелҳои таърихӣ инъикос ёфтааст.

Махсусан ҳодисаҳои куштори шахсиятҳои маъруф аз хиёнаткориҳои наҳзатиён нисбат ба миллату ватани худ шаҳодат медиҳад. Бояд қайд намуд, ки баъди дидани филми мазкур ҳар як фарди ватандӯст ҳатман ба андеша меравад, ки наход чунин ашхосе ба монанди наҳзатиёнт, ки дар сарзамин ба воя расидаанд, чунин хиёнати нобахшиданиро нисбати меҳани худ ва миллати худ содир намуда бошанд. Наворхои ин филми ҳучатӣ, ки пурра аз бойгониҳо гирд оварда шудаанд, нишон медиханд, ки воқеан ҳам, ин наҳзатиёни одамсурат, вале дар асл шайтонҳои хиёнаткор дар вуҷудашон ғайр аз фитнакорӣ, дасисабозӣ дигар ҳеч гунна арзишҳои ахлоқӣ ё маънавии инсонӣ надорад.

Хиёнат ба Модар –Ватан даҳшатноктарин хиёнати инсон дар тулии умраш мебошад ва амали ноҷавонмардона маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар тарбияи ватандӯстӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон ва баланд бардоштани зиракии сиёсии онҳо аҳамияти баланди ғоявӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳо намоиш додани наворҳо аз филми мазкур нақши муҳим мебозад. Хусусан, дар шароити ҷаҳони муосир, ки терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷомеа таҳдид менамояд, барои дар руҳияи ватанпарастӣ, нафрату адоват нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон нақши арзишманд дорад.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ба парлумони кишвар қайд кардаанд, “Солҳхои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷахони муосирро ба ташвиш овардааст.  Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва терористӣ дошта ба вусъат ёфтани тероризми байналмиллалӣ фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротии динӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ва зиёд шудани теъдоди аъзои гурӯҳхои терористиро дидаву мушоҳида карда, ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба ин рӯзгори ободу осоишта ба ин давлати соҳибистиқлолу сарвари оқил бояд шукргузорӣ намояд, зеро ин рӯзгори осоиштаи халки точик худ аз худ ба осонӣ ба даст наомадааст.

Аз ин лихоз ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем манфиатҳои умумидавлативу умумимиллиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳҳо афзалтар шуморем.

Насим Тошхӯҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд