Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама унсури муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Таҳти мафҳумҳои зодгоҳ, диёр, кишвар, сарзамин, Ватан-Ватанпарастӣ ифода мегардад. Унсурҳои дигари тарбия бо ҳамин унсури тарбия иртибот дошта садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш ифода менамояд.

Замони истиқлолият давраи сифатан нави фаъолияти ҷавонон ва наврасонро дар самти таҳким бахшидани пояҳои маърифативу ҳуқуқӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, тарбия намудани шахсиятҳои донишманду ватандӯст вазифаи аввалиндараҷаи маориф ва созмонҳои идеологӣ ба шумор меравад. Ба хусус, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангии миллат яке аз самтҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тарбия ватанпарастӣ дар асоси самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

-омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, ки он дар дарк намудани хусусиятҳои маърифатии сарчашмаҳои илмию таърихӣ, инкишофи маданият, дарки моҳияти Ватан, тақдири он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсиятҳои маъруф, омӯзиши таърихи ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули сифатҳои масъулияти ҳарбӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баҳри ҳимоями ватани худ аз хатархои берунӣ, дарки хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаву суннатҳои мардуми худ ифода меёбад;

-муҳофизати муҳити зист, ин самт бештар ба тарбияи экологӣ такя мекунад ва дарки ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии корҳои экологиву маърифатиро аз қабили ободонии мавзеъҳо, риояи тозагӣ, кабудизоргардонии гирду атроф ва ғайраро ифода менамояд;

-ташаккули ҳисси миллӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, ки он

сарчашмаҳои худро аввалан аз муҳити оила ва сипас аз ҷамъият мегирад;

- ҳиссиёт ва муҳаббат ба миллат, анъана, Ватан ҳамеша аз оила оғоз ёфта, дар зиндагӣ дар ҷамъият ташаккул меёбад;

-сиёсиву ҳуқуқӣ, ки он ташаккули дарки ӯҳдадориҳои конститутсионӣ ва ҳарбӣ, ҳодиса ва равандҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат, сиёсати ҳарбӣ, қоидаҳои ҳарбӣ, мавқеъ ва нақши Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми сиёсии ҷамъият ва давлатро дар бар мегирад;

-байналмилалӣ, ки ин самт ба тарбияи арзишхои миллӣ, садоқат ба ватан ва миллат, тарғиби ифтихори миллӣ, дӯстии халқҳо, сулҳпарастӣ, гиромидошти забони давлатӣ, маданият, таъриху фарҳанги миллат равона карда мешавад.

Дар «Консепсияи миллии тарбия» таъкид шудааст, ки: «Рушди минбаъдаи кишвар ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу зебопараст, фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мунтазам тавсия медиҳад, ки донишҷӯён, ҷавондухтарону ҷавонписарон бештар ба маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ ҷалб карда шаванд, то ки барои муаррифии истеъдоди худ дар дохил ва хориҷи мамлакатамон имконияти бештар ба даст оранд. Ҳадафи Пешвои миллат аз ин ташаббус дар он аст, ки ҷавонон барои зуҳури истеъдоду маҳорат, ба таври васеъ амалӣ гардонидани нақша ва имкониятҳои худ монеъаеро дар зиндагии худ эҳсос накунанд ва ҳамеша озоду муваффақ бошанд.

Ҷавононе, ки воқеан ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд.

 

Абдуллоева Ҳ.Р., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд