Мо, ҷавонони саодатманди диёр, дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорем. 

Мо озодӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии худро муқаддас шуморида, ба ваҳдат, баробарию бародарӣ ва дӯстии миллату халқиятҳои Ватани азизамон - Тоҷикистон арҷ гузошта, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо азму иродаи қавӣ талош меварзем.

Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Бархе аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва азҳоби сиёсӣ барои халалдор кардани оромии кишвар бо истифода аз расонаҳои гуногуни хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ рахна ба мазҳабу ваҳдати бадастомадаи мардум зада истодаанд. 

Гузаштаро фаромӯш кардан намешавад. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳамин наҳзатиҳо шурӯъ намудаву роҳбарӣ карду сабабгори фоҷиаҳои мудҳиш гардид. 

Ҳамон бесару сомониҳо бас набуд, ки имрӯз ба ташкили гирдиҳамоиву тафриқаандозӣ миёни мардумон, ки касе сатр дошта бошад, мусалмон ва агар надошта бошад беимон. Ин сафсатаҳои наҳзатиҳо асту дигар маънои беше надорад.

Имрӯзҳо ҳар он ҳизбу ҳаракате, ки дар дунё таҳти номи ислом фаъолият доранд, амалу ҳаракат ва одобу рафтори аъзои онҳо ба ақли инсонӣ рост наомада, баҳонаест барои куштани фарзандони бегуноҳ. Наҳзатиҳо дар ҳаргуна вазъи ҷаҳони кунунӣ дар шароити барои ҳар як халқу миллат таҳдидовар самти фаъолияти ҳизбро ба нафъи халқу миллат ва тинҷию оромии Ватан равона мекунад. Вале амалҳои ҳизбиёни исломӣ ба боварии мардум таъсири манфӣ расонида, дар суҳбату насиҳатҳои Муҳиддин Кабирӣ бо эшон амали хайр дида намешавад. Ҳамчунин ғояҳои миллат, давлат ва арзишҳои миллӣ, ки дар суханрониҳои роҳбари Ҳизби наҳзати ислом шунида мешавад, ҳеҷ арзише барои эшон надорад. Дар таърихи тӯли чандинҳазорсолаи миллати тоҷик мо медонем, ки ҷангҳои пайдарпай боиси аз байн бурдани мазҳабҳо, эътиқодҳо, равияҳои динӣ гардид, ки ҳазор соли он ба эътиқодмандии ислом вобаста буд. Вале миллат маънаван иваз нашуд. Ин дар ҳамон давра низ ба фарзандони воқеӣ, бо сабру таҳаммул, дорои фазилату дониш маҳсуб ёфта, тавонистанд, ки фарҳанги миллии хешро ҳифз намуда, қисме аз арзишҳои диниро низ ба он илова намоянд, ки тавассути ин намунаи хоси миллию мазҳабии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Ин пеш аз ҳама ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон мутааллиқ мебошад.

Барои марди баору номус, ватандори асил ин, албатта, ғамангезу риққатовар аст. Вале мо ҷавонон ҳаргиз фаромӯш накардаем, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ, даҳҳо ҳазор ҳамсолони худро аз даст дода, ҳазорҳо шаҳрвандони мо ғарибу бехонумон ва ҳамаи боигарии халқу давлат аз тарафи баъзе силоҳбадастон ба яғмо бурда шуда буд ва қисмати зиёди ҷавононро ин гурӯҳҳо такягоҳи асосии худ намуданд ва имрӯз мо ҳаргиз намегузорем, ки ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Ватани азизамон боз такрор ёбанд.

Мо, ҷавонон ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон боварии комил дорем. Бо ифтихор эълон менамоем, ки метавонем дар якҷоягӣ баҳри рушду нумӯъ ва амнияту суботи Ватани азизамон саҳми шоиста гузорем.

Холиқов Мазбут, устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт