Вақте дар бораи ҳамсолони худ ин маводро навиштанӣ шудам, ба ёдам мақолаи арзишманди журналисти равоншод Саодат Каримова расид. Номбурда аз қаҳрамонию бебокии як зумра ҷавонони деҳае аз минтақаи ҷануби кишвар мисол овардааст, ки дар солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ба хотири дифоъ аз марзу бум, шаъну эътибор ва нангу номуси падару модар, хоҳару бародар ба даст силоҳ гирифта бар зидди аҳримансифатон мубориза бурданд. Ҳарчанд аксари онҳо дар ин ҷанг қурбон шуданд, вале музаффарият дар ҷониби онҳо буд. Зеро ин ҷавонони навхат бо азму иродаи қавӣ ба ояндаи дурахшони миллати худ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доштанд. Маҳз хислати тӯдакашӣ, эътимод ба ояндаи неку самаровар, хиради азалӣ, гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар Эмомалӣ Раҳмонро чун сиёсатмадори варзида, ба камол расонд. Воқеан ҳам таърих ёд надорад, ки як ҷавони 40 сола дар мудҳиштарин вазъият, вақте касе ҳатто ба бародари худ бовар надошт мизони роҳбарии ин мулки ҷангзадаро бар дӯш гирад. Ба гумони ман ҳисси баланди ватандорӣ, аз самими дил дӯст доштани обу хоки диёр, бефарқ набудан нисбати тақдири ояндаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсӣ овард. Мо, ҷавонони зода ва парвардаи замони истиқлол бояд донем, ки Ватан дар пушти шонаҳои мо истодааст ва агар мисли Сарвари худ  ва он ҷавонони далеру шуҷое, ки ҷони худро барои тинҷиву оромӣ ва саодати халқ қурбон кардаанд, мо ҳам ватандӯст бошем, онгоҳ миллати мо пешрав ва ояндадор хоҳад буд.

Муҳаммад Иқбол, шоири тавонои миллат дар яке аз шеърхояш менигорад:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони Шумо,

Эй ҷавонони аҷам ҷони ману ҷони Шумо.

Ғӯтаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам,

То ба даст овардаам афкори пинҳони Шумо

Ҷавонӣ воқеан ҳам аёми пуршӯру шар аст. Аёмест, ки ҳар чиро аз ин қишри ҷомеа интизор шудан аст. Ман беҳуда аз хислатҳои ҳамидаи бархе аз ҷавонони солҳои 90- уми асри гузашта ёдовар нашудам. Миёни ҷавонҳои он солҳо буданд ҷавононе, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ, айшу ишрати яклаҳзаина камон дар даст чандин оилаҳоро бесаробон карданд. Аз таърих бармеояд, ки аксари майдоннишиниҳои солҳои 90- ум маҳз ҷавонони гумроҳ буданд, ки хоҷагонашон ба онҳо ваъдаҳои зиёд медоданд. Маҳз соддагиву гумроҳӣ  боиси сар  задани низоъ гардид. Аз нақли падарамон чунин каҷфаҳмиҳо буданд, ки солҳои 1995-1996 дар шаҳри Хуҷанд ҳам назди ҳозира мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чандсад нафар ҷавонон гирдиҳамоӣ намуда буданд. Ин ҳама бесару сомониҳоро душманони миллат бо истифода аз нерӯи ҷавонон созмон дода буданд. Ин гуна аҳримансифатон ҳоло низ  ҳастанд ва ин амалҳои ноҷавонмардонаи худро идома дода истодаанд. Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хосса ба Ҳизби наҳзати ислом, қурбон шудани онҳо дар мулки бегона, ашку надомати волидон ба ин мисол шуда метавонанд. Аз маълумотҳои оморӣ ҳудуди 300 ҷавонони вилоят имрӯз гумроҳона ба сафи гурӯҳи ба ном давлати исломӣ пайваста, иддае аз онҳо ҷони ҷавони худро аз даст додаанд. Ин ҷавононро нафарони сияҳдил ба маънои томаш манқурт кардаанд. Гӯиё бо ин амалашон хизмате дар роҳи ислом мекунанд. Аммо вақте падару модари чашминтизор, кӯдакони аз меҳри падар дурмондаро мебинӣ лаънат мехонӣ ба чунин «ғамхорони ҷавонон». Вақт беҳтарин довар аст ва имрӯз ҷавонон бо ақлу идроки худ фаҳмида истодаанд, ки беҳтарин аём ин аёми ҷавонист.

Аммо дар муқобили ин ҳама «истодагариҳои бадтинатон» ҷавонони даврони истиқлол воқеан ҳам ҷавонони хушбахтанд. Зеро ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи васеъ барои такмили маҳорат, рушди истеъдод, такмили дониш боз аст. Вақте ҷавонони тоҷик дар бонуфузтарин муассисаҳои олии олам таҳсил мекунаду бо ихтирооти худ ба қатори сад ҷавонони нобиғаи аём ворид мешавад, кӣ ифтихор намекунад? Ғолибияти дастаи мунтахаби ҷавонони зери 16- солаи кишвар дар Чемпионати Осиё аз рӯи риштаи футбол ва сазовор шудан ба медали нуқра магар мояи ифтихор нест? Мо ҳар рӯз мешунавем, ки хонандагони мо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо зафар баргаштаанд. Ин пайки шодӣ дарак аз тинҷиву ободии меҳани азизамон медиҳад.

Барои мо хеле хушоянд аст, ки дар чунин замони ободу тинҷӣ умр ба сар мебарем ва аҳсант мехонем ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба ҷавонон ҳамчун қишри ояндасоз эътимоду боварии калон  доштанд. Дар сатҳи давлат роҳандозӣ шудани якчанд қонуну барномаҳо, таъсиси ҷоизаҳо ба олимони ҷавон, квотаи президентӣ, аз 13 муассисаи олӣ то ба 39 адад расонидани онҳо худ далолати гуфтаҳои болоист. Гузашта аз ин дар давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 майдончаву толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин аз соҳибхирадии Сарвари давлат башорат медиҳад.

Соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон таҳаввулоти азиме дар ҳаёти сиёсии мо, ҷавонон буд. Дар ин соли таърихӣ таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мо ҷавонон боз ҳам бештар гардид. Ин иқдоми роҳнамои миллат барои мо- ҷавонони саодатманди диёр мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро мо аз ҳар вақта дида беҳтару бештар масъулияти худро дар назди ҷомеа ҳис намудем. Бо кору пайкори созандаи худ барои ободии диёр кӯшиш варзидем. Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат махсусан ба донишҷӯён калон буда, дар симои ҳар яки мо фардои дурахшони ин миллатро мебинанд. Хоссатан рӯ ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология ниҳоданро Пешвои миллат дар ҳар баромади хеш таъкид месозанд. Ман, ки дар яке аз муассисаҳои бонуфуз ва пешрафта- Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсили илм мекунам, зарурияти омӯхтани касбҳои ба кишвар заруриро аз дигарон бештар эҳсос мекунем. Ва ҳамарӯза кӯшиш меварзам, ки аз дониш, малака ва нерӯи ақлонии устодон баҳраи беш гирам. Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд, ки дар шароити кунунӣ, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои олам аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, инчунин аз сатҳ сифати тарбияи ҷавонони соҳибмарифат ва донишманду навовар вобастагии мустақим дорад.

Воқеан ҳам чун нек назар кунем, аён мегардад, ки завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, техникаву технология коста гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар саргаҳи амалишавии се ҳадафи стратегӣ қарор дорад. Ба хоҷагии халқ имрӯз мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт, канданиҳои фоиданок, энергетика,  сохтмону меъморӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барномасозу телекоммуникатсия, дизайнер чун обу ҳаво  зарур аст. Ҳамсолони моро мебояд, ки чунин пешаҳоро ихтиёр кунанд. Бо ин васила ҳам зиндагии худро таъмину ҳам барои ободии диёр, Ватани худ саҳмгузор хоҳанд шуд.

Хуб аст, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо сарварии зани оқилаву ҷавон, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода барои амалишавии орзуҳои мо, ҷавонон ҳама шароитҳо муҳайёст. Лабораторияҳои муҷаҳҳаз, устодони варзида ба мо аз илмҳои муосири техникаву технология дарс мегӯянд. Ба ҳар ду донишҷӯ будани як комютер, синфхонаҳои лингафонӣ имконят фароҳам меорад, ки мо хуб хонем, сатҳи забондониамонро баланд бардорем. Ҳосили заҳматҳои устодон ва саъю талоши худи ҷавонон аст, ки се устоди ҷавони донишкада дар Соли ҷавонон ба гирифтани ҷойи якум дар озмунҳои «Беҳтарин барномасоз» ва «Лоиҳасози беҳтарин» дар сатҳи шаҳриву вилоятӣ гардиданд.

Президент соли 2018- ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин ташаббуси наҷибонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки обу хоки диёрамонро бештар қадр кунем. Аз гузаштаи пурғановати миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари хеш ифтихор намоем ва ба ҷаҳониён исбот намоем, ки мо миллати ҳунарофар ва зебоиофар будем ва ҳастем. Ва бо вуҷуди кӯҳсор будану камзамин будан метавонем ҷаҳонро ба даври худ ғунҷонем.     

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик.

Агарчи ҳалқаи кӯҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Муқаддама Солиева,

донишҷӯи курси 2,

факултети муҳандисӣ- иқтисодии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд