Ватан - калимаи зебо ва ҳуҷастаест, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Педагоги машҳури рус В.А.Сухомлинский мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «инсон», «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «қарз», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «садоқат» алоқаманд мекунад. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оѓӯш кушодааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил ҳастанд.

Baтан ифтихор, сарвати бебаҳо, шаъну шараф, ноёбтарин неъматест, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон буда, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.

Myҳaббат  ба Ватан асосан дар даврони кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Муҳимтар аз ҳама кӯдакон бояд аз хурдсолӣ ба мафҳумҳои сулҳ, дӯстӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ сарфаҳм раванд. Ин кор пеш аз ҳама маҳсули тарбияи оила, ҷомеа ва мактаб аст. Бино бар ин дар мактабҳо фазои сулҳ, ваҳдат, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату муқаддасоти Тоҷикистон ҳукмфармо, танинандоз  ва дар мадди аввал бояд қарор гирад. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи замонҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва заҳматталаби ҷамъиятӣ шуморида шуда, ин мафҳум то ҳол идома ёфта истодааст. Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.  Ҷавононро бояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонид. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмати ҳарбӣ аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд. Барои ободиву оромӣ, ҳифзу нигаҳбонии он сарбозони Ватан, ҳомиёни марзу буми кишвар ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд.

Ба сарбоз се чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва дар ҷаҳон сулҳро пойдор гардонидан.

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оѓоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».

Тибқи моддаи 43 - юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».

Муҳайё гардидани шароитҳои хуби хизмат аз ҳар як афсар ва сарбози содиқи Ватан тақозо менамояд, ки хизматро баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар сидқан ба ҷо оварда, вазифаҳое, ки дар наздашон гузошта мешавад, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ҷо оваранд. Зеро ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум ва сокинони онро вазифаи муқаддас ҳисобидаанд.

Дадооев Шаҳбоз, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд