Баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, назорати одобу рафори духтарон дар хобгоҳ, аз наздик шинос шудан бо шароитҳои хобгоҳ бо 70 нафар духтарони дар хобгоҳ буда, аз ҷумла, бо духтарони факултети информатика ва энергетика  вохӯрӣ гузаронида шуд.   

Дар вохӯрӣ муовини декани факултети информатика ва энергетика оид ба тарбия Аминҷонова Муҳиба, устодони донишкада Темирова Хайриниссо, Усмонова Маҳина, Темурова Муҳаррам, Икромова А., сардори духтарони хобгоҳ Эмомова Манижа  ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ устодон оид ба одобу рафтори духтарон, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни духтарон, одоби либоспӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сухан ронданд. Ҳамзамон, аз шарту шароити хобгоҳ пурсон шуда, фикру ақида ва дархостҳои духтаронро низ шуниданд.

Қайд карда шуд, ки дар хобгоҳ дафтари қайди духтарон ташкил карда шуда, омаду рафти духтарон зери назорат аст. Устодон бори дигар аз қоидаҳои хобгоҳ ёдовар шуда, зикр намуданд, ки духтарон бояд дар ҳама ҷой одобу рафтори хешро дар сатҳи баланд нигоҳ доранд.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар хобгоҳ маҳфилҳои шеъру сухан, дӯзандагӣ, пазандагӣ ташкил карда шуда, духтарон фориғ аз дарс, дар вақтҳои холигӣ аз ин маҳфилҳо бархурдор гарданд. Бояд гуфт, ки хобгоҳи донишкада дорои шароитҳои замонавӣ буда, истиқоматкунандагони ошёнаи дуюмро духтарон ташкил медиҳанд.

Вохӯрии мазкур хеле саривақтӣ буда, дар оянда бояд чунин мулоқотҳо бо истиқоматкунандагони хобгоҳ бештар гардад, зеро робитаи устодон бо онҳо қавитар гардида, дар тарбияи онҳо нақши муассир мегузорад.

Темирова Х.

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ