Имрӯз ҷаҳони якқутба дар раванди парокандашавӣ қарор дорад, аз ин лиҳоз давлатҳои хурд барои мавқеи худро муайян намудан бештар ниёз ба таваҷҷуҳи давлатҳои нави абарқутрати олам доранд. Ҳамсоягӣ ва додугирифти садсолаҳоро ба инобат намегиранд, ки онҳоро шаҳрвандони худашон эҳтиром намекунанд ва истеъфои онҳоро талаб доранд. Ба ин гуна давлатҳо Қирғизистон дохил мешавад, ки мисли “талбандагони кӯча” гоҳ ба ин сӯ гоҳ ба он сӯ назар мекунанд. Аз задухурдҳои охири аҳдшиканонаашон онҳо сабақ нагирифта боз барои ноором сохтани минтақаҳои марзӣ яроқҳои вазнини ҷангиро пинҳонкорона омода сохта истодаанд, ки ин далели беақлиии роҳбарони ин кишварро нишон медиҳад. Тоҷикистони азизи мо доим кӯшиш мекунад, ки муносибатҳои дипломатии хешро  нигоҳ дорад. Аммо ин “ятимакон”- и носипос Қамчибек Тошиев ва Содир Жапаров- и бе майнаи сар кӯрона рафтор намуда мехоҳанд боз барои аз даст надодани қудрат дар кишвари худашон, ҷангро оғоз намуда ба порахурии наҳангонаи худ давом диҳанд. Ин амали нангини онҳоро тамоми мардуми ҷаҳон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид аз баромади роҳбари “босавод” –и онҳо воқиф гардида боварии комил ҳосил намуданд, ки ин як роҳзани ҳукуматро бо роҳи зӯри ба даст гирифта боз мехоҳад, ки мардуми ҷаҳон ба гиряву нолаи ӯ бовар намоянд. Бе  “шпаргалка”- ё ин ки маводи ёрирасон гап зада наметавонад. Доим мисли кӯрнамакон рафтор мекунад. Чандин маротиба дар рӯзҳои наздик ба шаҳрвандони осоиштаи наздимарзӣ муноқиша барпо намудаанд. Инчунин чандин маротиба марзи ҳавоии Тоҷикистонро бо воситаи бесарнишинҳои бо роҳи гадоӣ ба даст овардаашон  вайрон намудаанд.  Ин худ далели моҷароҷӯии онҳоро нишон медиҳад. Дер ё зуд ин хоинро мардумаш барканор месозанд. Мо ҷавононро месазад, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надода барои ҳимоя ва марзу буми кишвари худ доим омода бошем. Нест бод ҷанг. Поянда бод ваҳдати ягонаи Тоҷикистони азизамон.

Асистенти КЗД ва Ҷ Норов И.С.